Ҳамасола санаи 16-уми ноябр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент – иди милии мост” ташкил гардид, ки дар он асарҳои Пешвои миллат ва зиёиёни кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Аз ҷумла, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар намоишгоҳи даврони «Тоҷикистони соҳибистиқлол» гӯшае созмон дода шудааст, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” анъана шудааст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таърихию ҷашнӣ гӯшаи намоишӣ аз бойгонии китобхонаи илмӣ ва маъхази осорхона ташкил мегардад.