Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман Пешвои миллат эълон намуд ва бо ин амр саҳифаи тозаеро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз кард.
Ин иқдоми вакилони халқ, ки пеш аз ҳама аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик, дарку маърифати амиқи ҷомеа аз талош ва хидматҳои Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, шоистаи истиқбол аст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сулҳофарин, шахсияти бедордил ва дӯстдори халқ ва фарҳанги пурғановати хеш ҳанӯз аз оғози фаъолият нахустин иқдоме, ки пеша гирифт, такя бар эътимод ва боварии мардум буд.
Сарвари давлат нахуст диққати мутахассисон, фарҳангиён, коршиносон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро ба омӯзиш ва фарогирии решаҳои фарҳанги давлатдории тоҷикон ҷалб карда, дар ин замина ба шинохт ва арзёбии тоза ва ҳадафманди таърихи миллат муваффақ шуд. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» собит кард, ки асли таърихи ин миллатро «фаъолияти олии маънавӣ» ташкил медиҳад. Пешниҳоди таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ифодагари решаҷӯии Пешвои миллат аз наслу насаб ва ба хидмати имрӯз кашидани арзишҳои фарҳангии гузаштагон мебошад. Бузургдошти ёди фархундаи таърихӣ ва фарҳангии Сомониён дар замони истиқлолият зинда кардани таърихи миллат буд. Зеро маҳз Сомониён буданд, ки нахустин давлати муттамаркази тоҷиконро бунёд карданд. Асоси низоми давлатдорӣ, иқтисоду фарҳанг ва пешрафтро гузошта, забони форсии дариро забони давлатӣ эълон доштанд. Дар паёми навбати аз санаи 26.12.2019 Президенти кишвар мӯҳтарм Э.Раҳмон сухан карда буданд: “Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намоед”. Албатта, иқдоми беназири Сарвари кишвар ва таваҷҷуҳи рӯҳафзун ба китобу китобхона ба рушду инкишофи ҷаҳонбинии насли ҷавон басо муассир аст. Дар воқеъ ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб мераванд. Дар ҳақиқат интишори навбатии ин китоби пурарзиш тӯҳфаи бебаҳоест ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти Пешвои миллат, Президенти кишвар дар рушди фарҳанг гуногунпаҳлӯ буда, аз таваҷҷӯҳ ба бунёди иншоотҳои фарҳангӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тарғиби он дар кишварҳои хориҷӣ тавассути баргузории чорабиниҳои байналмиллалӣ ва сафарҳои ҳунарӣ, тайёр кардани кадрҳо ва муҳайё сохтани заминаи моддиву маънавии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг иборат аст.
Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат бахшида ба фарзонафарзандони миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хисрав , 700-солагии Камолӣ Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 150-солагии Нақибхон Туғрал ва санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 5500-солагии саразми бостон ва дигарҳо дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил гардиданд.
Мақсади асосии баргузидаи чорабиниҳо агар рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа бошад, мақсади дигари он рушду нумӯи инфрасохтори шаҳрсозӣ, ободии навоҳӣ мустаҳкамсозии пойгоҳи фарҳангиву маънавӣ, бунёди биноҳои наву замонавии иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Дар ин радиф иншоотҳои зиёди фарҳангӣ аз қабилӣ Кохҳои фарҳанг, Китобхонаҳо, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”, боғи фарҳангию фароғатии «Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ», Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор ва ғайраҳо сохта ва ба истифода дода шудаанд, ки имрӯзҳо ин боғҳо ҷойи сайру гашти тамошобинон мебошад. Сиёсати фарҳангпарваронаи сарвари давлат дар самти дастгирии расму оинҳо ва анъанаҳои миллии ниёгон натиҷаи хуб ба бор оварда истодааст. Эҳёи фарҳанги миллӣ дар кулли манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, намунаҳои эҷодиёти бадеии халқ, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакории рӯи чӯб, гаҷкорӣ кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои анъанаҳои миллӣ эҳё карда шудаанд.
Дастоварди ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу ҳориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешаванд ва сазовори ҷоизаю мукофотҳо мегарданд. Инчунин барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз нав рушд ёфт. Аз ҷумла, Фестивали байналмиллалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба «Соли тамаддуни ориёӣ», Фестивал озмуни эҷодиёти бадеии халқ «Андалеб», «Чакомаи Гесӯ», фестивал озмуни “Иди атлас” «Оши палав» ва дигарҳоро метавон ном бурд, ки суннатҳои миллиро эҳё ва рушд медиҳанд.
Вобаста ба ин бо ибтикори Президенти кишвар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалии фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо садҳо сиёсатмадорон, олимону фарҳангиёни хориҷа ширкат ва суханронӣ намуданд. Инчунин Тоҷикистон ба ташкилотҳои бузурги байналмиллалӣ узвият пайдо кард, ки он дар тарғиби намунаҳои гуногуни фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мусоидат менамояд ва ёдгории Бостонии Саразм, Боғи миллии кӯҳҳои Помир дар Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ғайриманқули умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Ёдгориҳои зерини таърихию фарҳангӣ ва меъмории кишвар ба силсилаҷоизаи “Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” – ЮНЕСКО: “Шаҳраки Панҷакенти қадим” ва “Шаҳраки Бунҷукат” ба гузаргоҳи “Зарафшон”, “Шаҳри Ҳисор” ба гузаргоҳи “Марказӣ”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин”, “Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” ба гузаргоҳи “Амударё”, “Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон” ба гузаргоҳи “Вахон”шомил гардиданд.
Имрӯз тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои мӯътабартарину пешбари дунё чун миллате пазируфтаанд, ки дар заминаи тамаддуни оламгир ва дар ҳамбастагии оқилонаву пурдилона бо қавму миллатҳои сокини кишвар роҳи созандагиро пеш гирифтааст. Ғолибан таҷлили Рӯзи Президент, ҳамзамон бо таҳкими худшиносиву ватандорӣ ба тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳварӣ дар ниҳоди мардумро тақвият мебахшад. Ҷашни Рӯзи президент ба навбати худ дар роҳи боло бурдани худшиносиву худогоҳӣ, рушди давлатдории миллӣ фоли нек ва дорои аҳамияти вижа хоҳад буд.
Санаи 11.10.2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, ки дар он Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% дар сади раъйи интихобкунандагон барои 7-соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Маҳз хидматҳои Сарвари давлат буд, ки мо мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтаем. Пас месазад, ки бо ҳузури Пешвои миллии хеш дар асри ҷаҳонишавӣ бо ҳисси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ будан роҳи рӯшану фардои миллатамонро мунаввар нигоҳ дорем.
Дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар намоишгоҳи даврони «Тоҷикистони соҳибистиқлол» гӯшае созмон дода шудааст, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Дар он асарҳои эҷодкардаи Президенти кишвар ва аҳли зиё дар солҳои Истиқлолият ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
Хоҷаева М. – мудири шӯъбаи таърихи
давраи муосири МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"