Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мусибатнома

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърихи гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандон мавриди таҳқиқ қарор мегирад. Дар тӯли асрҳо олимону донишмандони тоҷик доир ба масъалаҳои илму ирфон осоре иншо намудаанд, ки баъзеашон то замони мо омада расидааст. Яке аз ин донишмандон Ҳайдар Муҳаммад ибни Ёдгор мебошад, ки асаре бо номи “Мусибатнома” таълиф намудааст.

“Мусибатнома” чунонки аз номаш хам маълум аст, ба мавзуи мусибат бахшида шуда, дорои 25 фасл мебошад ва дар фонди Осорхонаи таърихи вилояти Суғд мавҷуд аст. Китоб бо забони форсӣ навишта шуда, навъи хаташ настаълиқ мебошад. Нусха аз 154 саҳифа иборат буда, дар хар як сахифа 15 сатрӣ матн ҷой дорад. Дар оғози китоб, аз саҳифаи 2 то саҳифаи 8, бино бар расидани рутубат қисме аз матни саҳифаҳои мазкур аз байн рафта, шинохти дурусти матни китобро мушкил кардааст. “Мусибатнома” соли 1277 ҳиҷрӣ аз тарафи Мулло Мирзо Илёс ибни Мулло Мирзо Эшон китобат шудааст. Нусха дар ҳолати хуб қарор дорад.

Мавҷуда Бойматова

Корманди илмии МД

МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМусибатнома
Scroll to Top