Дар Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамасола дар рӯзҳои таърихию ҷашнӣ гӯшаи намоишӣ аз бойгонии китобхонаи илмӣ ва маъхази осорхона ташкил мегардад.
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи таърихии вилоятӣ гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” созмон гардид.
Ҳамчунин дар тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ силсилаи асарҳои тозанашр бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.