Меҳроб ҷузъи меъморӣ, тоқи даруни масҷид, ки дар кадом тараф воқеъ гардидани қибларо нишон дода, унсури асосии масҷид ба ҳисоб меравад. Меҳроб шаклан нимдоира, чаҳоркунҷа ва ғайра мешаванд. Қисми болояш равоқдор, тоқи пайконӣ ё нимгумбаз аст. Меҳробҳои Осиёи Миёна дар қисми ғарби бино сохта мешаванд. Аксари меҳробҳо бо катибаву нақшҳо ба монанди меҳробӣ, ислимӣ, гиреҳ, занҷира, мадоҳил ва ғайра оро ёфтаанд. Қадимтарин меҳробҳои ҳудуди Тоҷикистон, ки то замони мо расидааст меҳроби Искодар ва меҳроби Ашт мебошад. Агар меҳроби Ашт танҳо гаҷкорӣ бошад, меҳроби Искодар бар замми гаҷкорӣ, чӯбкорӣ низ дорад. Меҳробҳои Ашт ва Искодар бо нақшу нигораҳои пуршукӯҳи шарқӣ ороиш ёфтаанд, ки намунаи беҳтарини санъати нақшу нигориши аҷдодони мост.
Меҳроби Ашт меҳроби кандакоришуда буда, дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт воқеъ аст. Он ба асрҳои X- XI мансуб буда, аз гили аълосифат сохта шудааст. Нақшу нигори ҷолибаш ёдгориро ба сафи шоҳасарҳои санъати кандакории Шарқ мансуб гардонидааст. Намояҳои меҳроб тоқшакл буда, дар рӯяш нақшҳои назаррабо канда шудааст. Маркази компазитсионии онро доираи қутраш 26 см-ии мунаққаши дорои нақшҳои ҳандасӣ оро медиҳад. Атрофи доираро 13 баргаки бодомшакл иҳота кардаанд. Лаболаби намоя бо ду қатор ҳошияи шаббаноку морпеч дошта, марзаи катибадор музайян аст. Баландии тоқи росткунҷаи меҳроб 202 см, бараш 75 см ва умқаш 30 см аст. Тоқи нимгумбази меҳроб кунгуракоби буда, қоши он ба нақшҳои гирдобӣ ва атрофаш бо ҳошияи ислимӣ оро ёфтааст. Даруни тоқи меҳробро дар вақташ нақшҳои барҷастаи бодомшакл ва шабакаи чорхона зинат медоданд. Меҳроби Ашт дар ибтидо ҷузъи масҷиде будааст. Дертар қисми таркибии мазори Ашт- гардидааст. Соли 1939 меҳроби Ашт “Экспозитсияи назорати археологии сохтмони Канали калони Фарғона” ба қайд гирифт. Соли 1961 “Отряди бостоншиносии шимолии Тоҷикистон” онро пурра таҳқиқ кард. Азбаски хатари боз бештар хароб гардиданаш ба миён омада буд, онро аз ҷояш кӯчонда ба лабараторияи тармимии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон овардаанд.
Ҳамчунин боз як намунаи ин ёдгорӣ меҳроби Искодар мебошад. Ин меъмории таърихӣ дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ соли 1925 аз ҷониби олим ва этнографи шӯравӣ М.С Андреев ёфта шудааст, мутааллиқ ба асрҳои IX-XII мебошад. Баландии он 290 см ва бараш 180 см мебошад. Ҳар ҷузъи кандакориаш банду басти мураккаби ороиширо дар бар гирифтааст, ки ин анъана бештар хоси мардуми Мастчоҳу Айнӣ аст. Меҳроби Искодар дорои қитъаҳои тахтабандшудаи мунаққаш буда, аз рӯи усули нақшу нигор нусхаҳои ороиши пештоқи даромадгоҳи Масҷиди Мағоқи Атториро мемонад. Дар нақшу нигори меҳроб нусхаҳои ороиши чоркалид, ишкелбанд, мавҷ, доира ва катибаҳои кӯфӣ истифода шудаанд. Тоқи меҳроб нимгумбазӣ буда, дар болоряш қуббаи сурхранг дорад. Ду паҳлӯи меҳробро сутунчаҳои кӯзагии бошадор оро медиҳанд. Усули кандакории меҳроби Искодар ба осори кандакории Чоркӯҳ шабоҳат доранд. Меҳроби Искодар намунаи барҷастаи санъати кандакорӣ ва ороишию амалии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар толори экспозитсионии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар мавзуи “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои IX-XI” нусхаи меҳроби Ашт, ки ба асрҳои X-XI тааллуқ дорад, ба намоиш гузошта шудааст.
Саидова Дилором
корманди илмии шуъбаи таърихи
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”