Конститутсия санади сарнавиштсози миллат буда, он ҳар сол 6 – уми ноябр дар тамоми ҷумҳурӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи дигаргуниву навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳайати ҷомеа заминаҳои ҳуқуқи таҳрезӣ карда шудааст. Имрӯз ҳар як пешрафту тараққиёти соҳаҳои иқтисодию иҷтиморо мардуми сулҳпарвару меҳнатдӯсти кишвар аз ҳамин санади тақдирсоз медонанд. Зеро дар Конститутсия сохт ва низоми давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, сохтору раванди фаъолияти мақомоти давлатӣ ва самтҳои асосии ҳаёти ҷамъият муайян карда шудааст.
Конститутсия шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд ва дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок хотима бахшид.
Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.
Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.
Ин санад, ки аз тариқи раъйпурсии умумӣ қабул гардид, барои ҳамдигарфаҳмии мардум ва таъмини сулҳу суботи кишварамон асоси мустаҳкам гузошт.
Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим карор медиҳанд”.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Расидан ба соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот, осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту инкишофи ҷомеа, ба даст овардани музаффариятҳои кишвари азизамон маҳз бо қабул ва эълони Конститутсия тавъам аст.
Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” кулли ҳамватанонро бо ин рӯз табрик намуда, ба ҳамаи Шумоён дар кори ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва осудагиву рӯзгори фаровон орзу менамояд.