Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“ Истаравшан – шаҳри сайёҳӣ”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз бахшҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷахон ба ҳисоб рафта, дар таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.

Яке аз унсурҳои асосии соҳаи сайёҳӣ мавзеъҳои ҷолиби таърихӣ ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чун “ Кишвари сайёҳӣ муаррифӣ гардида бо шаҳру шаҳракҳо, маҷмааҳои меъмориву таърихӣ мавзеъҳои нодир, табиати хушманзар аз ибтидо то ба имрӯз мавриди диққату таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ буду ҳаст. Аз ҷумла “Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осори таърихӣ чун “ биҳишти рӯи замин муаррифӣ ёфта имрӯз низ ин тавсиф аҳамияти худро гум накардааст. Яке аз мавзеъҳои ҳудуди он, ки бо фаъолияти соҳибкорон, марказҳои ҳунармандӣ ва албатта, чун минтақаи қадими ниёгони тоҷик маълуму машҳур аст Истаравшан мебошад.

Таърихи Истаравшан: Шаҳри Истаравшан дар минтақаи Суғд дар қисми шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Туркистон, 78 километр аз шаҳри Хуҷанд, 1000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.Дар шимол ва ғарб шаҳр бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст.Дар шарқ бо ноҳияи Ғончӣ дар ҷануб бо ноҳияи Айнии Тоҷикистон дар ҷанубу шарқ сарҳад бо Қирғизистон каме ҷорист.Иқлим дар ин ҷо хеле мусоид, мулоим, зимистон барф аст, тобистон гарм ва хушк мебошад.Истравшан осорхонаи кушод, маркази қадимаи тиҷорат ва ҳунар, яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.

  Соли 2002 Истаравшан солгарди 2500- солагии худро ҷашн гирифт.То 10 ноябри соли 2000 шаҳр ба ҳама бо номи Уротеппа маълум буд, ки яке аз онҳо баъдтар Истаравшан  номгузорӣ шуд. Истаравшан вилояти таърихӣ, яке аз музофотҳои калонтарину ободи Суғд аст, ки  дар асри VI ба давлати мустақили мутараққӣ табдил ёфта номи он дар  ҳуҷҷату сарчашмаҳо ва солномаҳои қадимаи халқҳо ба таври гуногун номбар шудааст: Суғди – Уструшана, арабӣ, форсӣ ва тоҷики – Усрушана, Усрушна, Усрусана, Осрушана, Сурушана, Шарушана ва ғайраҳо. Аз ҷумла дар яке аз осори муҳим ва маъруфи ҷуғрофӣ “Ҳудуди-ул-олам” он чунин муаррифӣ ёфтааст; “Сурушана ноҳияест бузург ва ободон ва бо неъмати бисёр ва ӯро шаҳр ва рустоҳои бисёр. Аз вай набиди бисёр хезад. Ва аз кӯҳҳои вай оҳан хезад”. (Ҳудуди-ул-олам” саҳ.64) Вилояти Истаравшан асосан дар пастхамии Ӯротеппа ва Шаҳристон воқеъ буд. Захираҳои бои табиӣ, заминҳои ҳосилхез, бино шудани шаҳрҳои нав, мавҷудияти роҳҳои хуб, аз Истаравшан гузаштани роҳи бузурги Абрешим ба равнақи ин сарзамин мусоидат карданд. Дар натиҷа тараққиёти иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ, хусусан дар асрҳои нахустини мелодӣ Истаравшан хеле шӯҳрат пайдо кард. Дар асрҳои V- VI  ба кишвари алоҳидаи маданӣ-этникӣ ҷудо шуд. Аввалин бор чун вилояти мустақил соли 435 номбар шудааст. Дар асрҳои V Истаравшан ба давлати мустақил табдил ёфт, ки онро афшинҳо идора мекарданд.

Истаравшан то имрӯз қариб тамоми типологияи меъмории иншоот асримиёнагиро нигоҳ доштааст. Аз ин ҷост ки ин шаҳр ҳамеша зери нигоҳи муҳақиқон- бостоншиносон, меъморон, санъатшиносон ва ғайраҳо қарор дорад. Ҷашни 2500-солагии Курушкада, Вагат, Ӯротеппа, Истаравшан, сентябри соли 2002 барқарор гардид, диққати донишмандон ва аҳли ҷомеаро пеш аз ҳама бо меъмории нотакрори хеш ҷалб сохт.

Даҳҳо иншооти асримиёнагӣ, ки дар шаҳр ва атрофи он ҳастанд аз зебоии макон, майдон ва кӯчаҳои васею зебо санъати он шаҳодат медиҳанд. Аксари онҳо иншооти динӣ буда ба аввали асрҳои миёна тааллуқ доранд.

Қадимтарин маҷмааи меъмории боқимонда дар Истравшан комплекси иншоот парастишии Ҳазрати Шоҳ буда, ба асри VI–VII таалуқ дорад. Ин маҷмааи беназир дар давоми якчанд аср бунёд гаштааст. Дар айни ҳол дар маркази шаҳр ду мақбара: Мақбараи Ҳазрати Шоҳ ва мақбараи Худоёри Валъамӣ, масҷид-намозгоҳи Ҳазрати Шоҳ, чашмаи қадима ва қабристон, ки бо ҳавлии кабудизоршуда ба ҳам пайваст мебошанд, боқӣ мондаанд.

Чунон қайд гардид, ки Истаравшани бостонӣ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ буда, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои зиёд дорад. Мавзеъҳои зебову нотакрор ва осоишгоҳҳои ӯрдаи асарҳои Ӯротеппа”, “Авитсена”, “Ависсити”, “Ҳавотоғ” ва истораҳатгоҳи “Роҳҳат” дар мавзеъҳои хушманзара диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, дар онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, обанбори Зарринрӯд аз мавзеъҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб рафта, бо боду ҳавои тоза аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Меҳмонхонаҳои “Садбарг”, ”Ҳоҷи Носир“ ва  “Киропол” низ ба шароити хуби замонавӣ баҳри сайёҳони дохиливу хориҷӣ хидмат мерасонанд.

Дар шаҳр барои рушди соҳа дар асоси Қарори раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2018 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, қарори Раиси шаҳри Истравшан аз 20 марти 2018 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳр бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти марказҳои иттилоотӣ ва маҷмӯи хизматрасонии сайёҳӣ бо кори пурмаҳсули ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Иншоотҳои сайёҳии шаҳр давоми як рӯз имконияти қабули беш аз 1000 сайёҳро дорад.

Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” ба макони сайру сайёҳати сайёҳон табдил ёфта дорои Амфитеатри замонавӣ бо 5100 ҷойи нишаст мебошад. Дар ҳудуди қалъа ёдгориҳои қадимӣ ва пайкараву нигораҳо гузошта шудаанд. Зиёда аз 80 ҳуҷра барои фурӯши маҳсули дастии ҳунармандон ва муаррифии урфу одати мардуми шаҳр гӯшаҳои алоҳида ифтитоҳ ёфтааст. Хамчунин, меҳмонхонаи замонавии “Киропол”, воқеъ дар хиёбони Истиқлоли шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар маркази баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маркази шаҳр тарабхонаи нави замонавӣ ва ошхонаву таомҳои миллӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Ба ин васила кулли мақомоти давлатию хусусӣ ва сокинони шаҳри Истаравшан ба монанди дигар шаҳру минтақаҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои сарвари маҳбубро сармашқи кору фаъолият қарор дода, барои дар амал татбиқ сохтани он чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Далели инро мо аз навсозиву ободиҳои нав ба нав, ки бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи сайёҳони бешумори дохиливу хориҷӣ ба вуҷуд омадаанд, мушоҳида намуда метавонем. Дар натиҷаи чунин кӯшишҳои мо имрӯз бидуни ягон фикру шубҳа шаҳри бостонии Истаравшанро ҳамчун “Шаҳри туризм” ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозем.

Исоева Заррина

роҳбалади шуъбаи сайёҳии

МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“ Истаравшан – шаҳри сайёҳӣ”
Scroll to Top