Санаи 16-уми октябр дар айвони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ “Фестивали шеъру сурудҳо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ” баргузор гардид.
Дар фестивал меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳангу маориф, ҳизбу ҳаракатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар чорабинӣ сарояндагони машҳури вилояти Суғд аз ашъор ва абёти Камоли Хуҷандӣ сурудхонӣ намуданд. Инчунин толибилмони МТМУ вилоят аз ашъори шоир шеҳрҳо қироат карданд.
Дар назди Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи ак. Н.Неъматов шоу-барномаи ҳунармандони ҷавони вилоят баргузор гардид, ки дар он ҳамаи меҳмонони ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ иштирок намуданд.
Баъди итмоми чорабинӣ меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар ин боргоҳ наздик 1500 нигораҳо мавҷуд буда, таърихи дирӯзу имрӯзи халқи тоҷикро инъикос менамояд, шинос гардида, таассуроти баланд бардоштанд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабиниҳо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З. иштирок намуданд.