Бахшида ба 700-солагии шоири ширинкалом Шайх Камоли Хуҷандӣ дар “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” чорабиниҳои идона ташкил гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳангу маориф, ҳизбу ҳаракатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Меҳмонони олиқадрро аз назди дарвозаи меҳмонхонаи “Суғдиён” бо тантана пешвоз гирифтанд. Меҳмонон аз барнома ва хаймаҳое, ки ташкил гардид, боздид намуданд. Иштирокдорон дар зери пояи пайкараи Хоҷаи бузургвор гулчамбар гузошта, мақбараи намодии ӯро зиёрат карданд. Дар даромадгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ донишҷӯён бо шеъру абёти Шайх Камоли Хуҷандӣ меҳмононро пазироӣ намуданд. Барои меҳмонони олиқадр дар ҳавлӣ ва чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дастархони идона ороста шуда буд. Дар интиҳо аз тарафи меҳмонон ба китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ соядаст гузошта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки меҳмононро муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҳайдари Хол ва Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода ҳамроҳӣ намуданд.