Халқи барӯманди мо аз қадим ба китоб ва китобхонӣ шавқу рағбати беандоза доранд. Аз ин ҷиҳат Осорхонаи таърихии вилоятии Суғди МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» ҳар сол аз шаҳрвандони кишварамон китобҳои нодир ҷамъоварӣ менамояд.
Кормандони илмии осорхона тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии китобҳои нодир аз шаҳрвандон бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона ҷаласаи харидории назди фонди осорхона баргузор намуданд, ки дар он 6 адад китобҳои нодири чопи сангӣ ва дастхатҳо, ба монанди: «Равзату-л-асҳоб», «Девон»-и Туғрали Аҳрорӣ, «Қасоид ва Ғазалиёт»-и Бедил, «Маслаку-л-мутақийн», «Куллиёт»-и Шайх Саъдии Шерозӣ, «Ҳидояи Шариф» харидорӣ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар маъхази осорхона зиёда аз 400 адад китобҳои нодири чопиву сангӣ маҳфуз аст, ки баёнгари таъриху фарҳанг ва адабиёти миллии тоҷик мебошад.
Мавҷуда Бойматова
Корманди илмии МД МФТ
«Қалъаи Хуҷанд»