Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳрҳо дар миқёси мамлакат ба ҳисоб меравад. Шаҳри Хуҷанд дар радифи шаҳрҳои шинохтаи тоҷикон Душанбе, Самарқанд ва Бухоро қарор дошта, макони илму фарҳанг дониста шудааст. Ин шаҳрро бо фарзандони барӯмандаш ба мисли Фарзона, Бобоҷон Ғафуров, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва дигарон мешиносанд. Ҳамасола санаи 25-юми сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифта мешавад.
Дар толори пазироии “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ин ҷашн гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Ҳастӣ ба ҷаҳон арӯси шаҳрон” созмон ёфт. Дар намоиш китобҳо доир ба шаҳри Хуҷанд, ангораҳои ба озмун пешниҳод шуда, ордену грамотаи “Дӯстии халқҳо”, ки дар ҷашни 2500-солагии шаҳри Хуҷанд ҳадя гардидааст ва бозёфтҳое, ки ҳангоми бурдани корҳои тадқиқотӣ-ҳафриётӣ дар Кӯшки ҳокимнишин ва ҳудуди майдони Қалъаи Хуҷанд дарёфт гардидаанд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳамчунин, дар монитор силсиланамоишҳои сабтҳо дар бораи шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст.