Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд
Маънии луғавии калимаи Хуҷанд дар луғатҳои муътабар, аз қабили «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Рашидӣ», «Фарҳанги Нафасӣ», «Фарҳанги Амид» ва «Деҳхудо» чунин сабт шудааст: «Хуҷанд»- калимаи паҳдавӣ буда, маънии марди саодатманд ва хаббозиро дорад.
Албатта мафхуми калимаи «саодатманд» ба ҳама равшан аст. Калимаи «хаббозӣ» дорои ду маънист: - яке - нонпазӣ, дигаре - гули хитмий. Дар осори тиб, аз ҷумла дар «Алвоҳия» ном асари Абӯали ибни Сино қайд гардидааст, ки аз реша, тухм ва танаи гули хитмий чанд навъ доруворӣ тайёр карда мешавад.
Доир ба маънои истилоҳи ин калима аксарият фарҳангҳои зикр кардаамон чунин меоваранд: «Хуҷанд - қасаба ва ё худ шаҳрест дар Мовароуннаҳр, муваллади Камол аст».
Аммо дар осори ҷуғрофии қадим, аз қабили «Ҳудуд-ул-олам» ва махсусан дар «Мӯъҷам-ул-булдон» чунин сабт шудааст: «Хуҷанд шаҳре машҳур ба Мовароуннаҳр бар соҳили Сайҳун (Сирдарё), байни он ва Самарқанд даҳрӯза роҳ аст».
Масъалаи дигаре, ки мо мавриди баҳс қарор медиҳем, таърихи пайдоиши шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ҷилди дувуми «Фарҳанги Онандроҷ» (сах, 1612) оиди ин масъала чунин маълумот зикр ёфтааст: «Хуҷанд шаҳрест аз иқлими пандум... бар канори руди Сайҳун... ва онро «арӯси дунё» хонанд. Ва аз он ҷост Камолиддини Масъуд - шоир ва ориф ва мазораш дар Сурхоби Табрез аст. Гӯянд Хуҷандро Кайхусрав бунёд ва бино ниҳод, баъд аз харобӣ Дороб таъмир ва тамом намуда».
Дар ин маълумот пеш аз ҳама ба ифодаи «иқлими панҷум» диққат мекунем. Ҷуғрофидони қадим кураи заминро ба ҳафт иқлим тақсим намуда, сайёраеро муваккили ҳар яке аз он муайян кардаанд. Инак, иқлими панҷуми он қисмати Мовароуннаҳр, яъне Туронро дарбар карда, муваккили он сайёраи ҳусну зебоӣ Зӯҳра мебошад. Бояд изҳор намуд, ки оид ба Туронзамину турониён дар баъзе осори илмӣ изҳор шудааст, ки он гуё Туркистон бошад. Дар сарчашмаҳои адабию илмӣ оварда шудааст, ки Фаридун дар айёми пирӣ сарзамини худро ба фарзандонаш Салим, Эраҷ ва Тур қисмат мекунад, ки дар натиҷа ҳудуди ба Тур расидаро Туронзамин ва мардуми онро турониён номидаанд.
Аммо Туркистон на ба иқлими панҷум, балки ба иқлими савум, ки муваккилаш сайёраи Миррих аст, дахл дорад. Инак Хуҷанд дар Туронзамин ҷойгир буда, бо Туркистон танҳо робитаи маданию иқтисодӣ дошту бас.
Бостоншиносону муаррихон дар натиҷаи ковишу таҳқиқ исбот карданд, ки Хуҷанд таърихи беш аз 2500-сола дошта, бунёди он ба давраи Ҳахоманишиён, ба аҳди Куруши Кабир тааллуқ дорад. Агар мо ба замми ин маълумоти «Хуҷандро Кайхусрав бунёд ва бино ниҳода, баъд аз хароби Дороб таъмир ва тамом намуда», - гуфтаро ба ҳисоб гирем, он гоҳ таърихи сохтмони шаҳри Хуҷанд пештар аз санаи зикршуда мегардад, зеро Кайхусрав савумин шоҳаншоҳи силсилаи Каёниён ба шумор рафта, мувофиқи тақвими дар «Осор-ул-боқия» овардаи Абурайҳони Берунӣ дар солҳои 2726 ҳукмронӣ кардааст.
Барои ҳарчи дақиқтар омӯхтани таърихи пайдоиш ва бозсозиҳои таърихии шаҳр дар китобу мақолаҳои мухталиф маълумоти парешон дарҷ буд, аммо тадқиқоти густурда дар ин самт анҷом нопазируфта буд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии осори бостонии қалъаи шаҳр ва маҳаллаҳои таърихии он соли 1954 бо ташаббуси устод Н.Неъматов оғоз ёфт ва ин марҳила соли 1976 ба итмом расида, соли 1986 бо ҷашн гирифтани 2500 - солагии таъсиси шаҳри Хуҷанд анҷомид. Соли 1974 бостоншиносон Н.Неъматов, Т.В.Беляева, А.Билолов, А.Мирбобоев, С.Ш.Марофиев, М.Файзуллоев аз самти шарқии Қалъаи Хуҷанд девори қадими 4-метр дарозӣ ва 2-метр баландӣ доштаро ба асрҳои IV-III то милод мансуб буд, дарёфт карданд, ки ба давраи асри VII-VI -то милод тааллуқ дорад.
Маҳз бо ташаббуси академик Н.Неъматов дар арафаи ҷашнгирии 2500- солагии шаҳри Ленинобод 27 - ноябри соли 1986 дар шафати девори шарқии қалъа осорхонаи аввалини бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуда буд, ки дар толорҳои намоишиаш бештар он бозёфтҳое, ки ҳангоми гузаронидани корҳои ҳафриётӣ дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ба даст омада буд, ба намоиш гузошта шуда буд.
Мамадҷонова М.
Мудири шуъбаи таърихи
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”