Имрӯз бахшида ба 700-солагии зодрӯзи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён” конференсияи илмӣ дар мавзӯи “Аҳамияти меъмориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон” (Дар заминаи обидаҳои таърихии минтақаи Суғд) доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, кормандони шӯъбаи рушди сайёҳии МИҲД вилояти Суғд, масъулини соҳаи рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимони ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров, намояндагони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” иштирок доштанд. Ба чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷамъомадагонро хайрамақдам намуд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин Бойматов М.Т. - омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ муаррифгари таъриху фарҳанги халқи тоҷик”, Набӣ Ҷӯразода – сармутахассиси бахши фарҳанги МИҲД шаҳри Хуҷанд таҳти мавзӯи “Фарҳанг ва рушди сайёҳӣ дар Хуҷанди бостонӣ”, Мавҷуда Ӯрунова - номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дар факултаи филологияи тоҷик дар мавзӯи “Хуҷанд ва Хуҷандиён дар ашъори Камоли Хуҷандӣ”, Саидумрон Саидов – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дар мавзӯи “Боғи Камоли Хуҷандӣ маҷмааи фарҳангии сайёҳӣ”, Ҷӯрабек Исомитдинов – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров таҳти унвони “Нақш ва ҷойгоҳи ёдгориҳои таърихӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ”, Раҳматов Баҳром – номзади илмҳои филологӣ, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар мавзӯи “Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тоҷику форс” иштирок ва маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар анҷоми кори конфронс Анвар Яъқубӣ оиди пешбурди корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохил ва хориҷ ба тамошои обидаҳои таърихӣ ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳанги миллӣ, ташкили гуруҳҳои этнографӣ дар ин мавзеъҳо ибрози ақида намуд.
Исоева Заррина
Роҳбалади шуъбаи сайёҳии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”