Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сияри Туркӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мардуми тоҷик аз қадим дӯстдори илму китоб будаанду ҳастанд. Мардуми ба фарҳанги вилоят ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китобҳои дастхат ва чопи сангие, ки аз аҷдодашон мерос мондааст ҳадя менамоянд. Эрматов Раҳим Норматович истиқоматкунандаи н.Б.Ғафуров ҷ. Ёва кӯчаи Сангин Ҳоҷӣ 120 аз зумраи инҳо ҳастанд. Мавсуф китоби чопи сангии «Сияри Туркӣ», ки аз гузаштагон ба мерос мондааст ба осорхона тақдим намудаанд, ки мушаххасоташ дар зер муаррифӣ мешавад:

Нусхаи мазкур чопи литографии он буда, дар ду забон ба табъ расидааст. Бинобар ба маълумоте, ки дар саҳифаи аввали китоб сабт аст, ин китоб таълифи Мавлоно Муъин ба қалам омада ва бо эьтимоми Ҳоҷӣ Сиддиқ Хоҷаи Хуҷандӣ ба табъ расидааст. Дар қисмати аввали китоб ба забони тоҷикӣ ва дар қисмати дуюм бо забони ӯзбекӣ ҷой дода шудааст. Соли таълифи китоб номаълум,  навишта нашудааст. Аммо аз зоҳир ва зиндагии Ҳоҷӣ Сиддиқ Хоҷаи Хуҷандӣ фаҳмидан мумкин аст, ки китоб дар асри XIX ба нашр расидаст.

Китоб фарогири мавзӯоти таърих, фарҳанг, ахлоқ ва адабиёт мебошад. Муаллиф баъзан пас аз ҳар қиссаву ривоёт байтҳо низ ҷой додааст. Китоб дар маҷмӯъ аз 683 саҳифа, 642 варақ иборат буда, дар як варақ 27 сатр китобат шудааст.

Дар охир метавон гуфт, ки ин асар аз арзишмандтарин осори форсӣ-тоҷикӣ буда, дар рушди илму адаб нақши муҳим дорад.

Кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ин амали хайр ба ин шахси фарҳангдӯст ва хештаншинос изҳори миннатдорӣ менамояд ва дар оянда умед доранд сафи чунин шахсони соҳибмаърифат зиёд гашта барои муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши бузург мегузорад.

Бойматова М.

Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

        

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСияри Туркӣ
Scroll to Top