Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Абдуллоҷон Исоқов – нахусткашшофи Саразм

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм

 

Абдуллоҷон Исҳоқов 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Соли 1950 баъди хатми мактаби ҳафтсола ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил мешавад. Соли 1958 пас аз хатми факултаи таърихи Институти педагогии ба номаи Т.Г.Шевченкои Сталинобод бо роҳхати пажӯишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ба пойгоҳи навтаъсисёфтаи бостоншиносии шаҳри Панҷакент ба сифати лаборанти калон ба кор меояд. Он солҳо ковтукови Панҷакенти қадимро ходими илмии Институти таърихи маданияти модии шаҳри Ленинград – профессор Александр Маркович Белинитский сарварӣ менамуд.

Бояд зикр намуд, ки ҳафриёти Панҷакенти қадим ҳанӯз аз соли 1947 оғоз гардида солҳои минбаъда ба яке аз мактабҳои ҳақиқии омӯзиши тамаддуни Суғдиёни то давраи исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубаддал гашта буд.

Дар омӯзишӣ таърихи халқи тоҷик донишмандони зиёде дар тӯли солҳо хизматҳои арзанда намуданд ва маҳз бо заҳмати шоёну арзандаи онҳо буд, ки тоҷиқон аз гузаштаи боғановату пуртаровати таъриху тамаддуни ниёгони хеш бархурдорӣ ва бо гузаштаи хеш ифтихор менамоянд.

Дар қатори чунин олимони намоён, муаррих ва бостоншиноси варзидаи асри 20, доктори илмҳои таърих шодравон Абдуллоҷон Исҳоқов мақоми хоса дорад. Маҳз барои хизматҳои арзанда дар деҳшаҳри Саразм нимпайкараи ӯро гузоштанд, ки ин инсони ватанпарвар меҳнаткаши асили илми бостоншиносии тоҷик, корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст.

 Дар таърих номи профессор Абдуллоҷон Исҳоқов ҳамчун нахусткашшофи Саразми Бостонӣ маълум аст.  Фаъолияти илмии Абдуллоҷон Исҳоқов саҳифаи навро дар таърихи тоҷикон кушодааст. Ин шахсияти накӯном умри гаронбаҳои худро барои эҳёи миллати тоҷик сарф намуда ва маҳз бо шарофати ӯ Деваштичу Спитамен ва алифбои суғдиёни мову гузаштагон ва 5500 солагии ниёгонамон ба саҳифаҳои таърих дарҷ шуд. Тавассути хидмати бебаҳои Абдуллоҷон Исҳоков Панҷакенти бостонӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ гирифт ва ба шарофати ӯ Саразми тоҷикон бо табари биринҷии худ пуле гардид, ки соҳили Шарқро бо Амрикову Фаронса пайваст.

Аввалин гувоҳӣ доир ба ёдгориҳои давраи биринҷӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон табарча буд, ки дар охири асри XIX аз деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент ёфтшуда, маълумот дар бораи он соли 1948 аз ҷониби А.И. Тереножкин нашр гардид.

Соли 1972 аз тарафи истиқоматкунандаи деҳаи Авазалии ҷамоаи Саразм Ашӯралӣ Тайлонов бозёфти табарчаи биринҷӣ мебошад, ки таърихи халқи тоҷикро ба умқи таърих мебарад. Моҳи сен­тябри соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов Шаҳри қадимтарини Суғду Осиёи Миёна – деҳшаҳри Саразм кашф гардид ва худи ҳамон сол ҳарфиёти ин ёдгорӣ оғоз ёфт.

Аввалин шуда ба Саразм соли 1979 бостоншиноси фаронсавӣ Анри-Пол Франкфор омад. Худи ҳамон сол боз ду нафар хориҷӣ - Филипп Кол, профессори Весселейи коллеҷи Кембриҷи Амрико ва Бертил Леоне аз Маркази бостоншиносии Фаронса аз ёдгории навкашфшуда дидан намуданд. Мутахассисони варзида ба мавқеи шаҳраки Саразм дар илми бостоншиносии кишварҳои Шарқ баҳои арзанда доданд. Бостоншино­сони хориҷӣ хоҳиши дар Саразм гузаронидани ҳафриёти якҷоя ба миён гузоштанд. Ин далели он буд, ки ёдгории ниёгонамон, на фақат барои омӯзиши сарчашмаи тамаддуни тоҷи­кон, балки аҳамияти ҷаҳонӣ низ дорад.

Димнаи Саразм 15 километр ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти қадим ва 45 километр дуртар дар тарафи шарқии шаҳри Самарқанд воқеъ гардида, масоҳаташ аз 90 гектар зиёд мебошад. Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки Саразм шаҳри қадими суғдӣ будааст. Дар майдони кофтукови археологӣ хонаҳои истиқоматӣ, бустонсаройҳо, оташкадаҳою устохонаҳо, кӯчаю тангкӯчаҳо, ҳуҷраҳои хоҷагӣ ва дигар боқимондаҳои меъморӣ ҳафр шудаанд.

Саразм ёдгории калонтарини давраи энеолитии Вароруд, шимолтарин ёдгории кишоварзон дар Осиёи Марказӣ мебошад. Бузургии масоҳати ёдгорӣ ва боқимондаҳои қасру ибодатгоҳҳои Саразм далели яке аз шаҳрҳои аввалини Шарқ будани он аст.

Кашфи Саразм дар шаҳри Панҷакент яке аз дастовардҳои маъмули даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин далелҳо моро водор менамоянд гӯем, ки Панҷакенти кӯчаки баъзан дар харитаи олам номаш ҷой надошта, аз ҷиҳати мавқеи таърихӣ аз як зумра марказҳои давлатҳо ва вилоятҳо бо чунин ёдгории беназираш мавқеи баландро соҳиб гардидааст. Бо ибораи бостоншиносон ёдгориҳои музофоти Панҷакент бо баррасиҳои худ энсиклопедияи бостоншиносии Осиёи Марказӣ мебошад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги таърихӣ доштанаш ва ҳамчун шаҳодати беназири куҳанбунёдиву тамаддунофарии халқи тоҷик бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри соли 2000 дар ҳудуди он Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм таъсис дода шуд. Соли 2010 дар Иҷлосияи 36-уми ЮНЕСКО дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Саразм ба Феҳрасти умумиҷаҳонии мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамчунин соли равон бевосита бо ҷаҳду кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ба силсилаҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуда, он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад, ки аз ин иқдом кормандони Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳам кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар намоишгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намуди умумии ҳафриёти Саразм, ки аз тарафи муҷассамасози ҷавон Давронҷон Раҳматов ба тарҳи барелеф сохта шудааст, акси табари биринҷӣ, ки сабабгори асосии оғозёбии корҳои ҳафриётӣ дар ҳудуди бошишгоҳи қадимаи Саразм гардида буд, нусхаи мадфани Маликаи Саразм ва намунаи бозёфтҳо ба монанди олотҳои меҳнати сангин, зарфҳои гилин ва расми бозётҳои нодир, ҷавоҳирот, олотҳои биринҷӣ, шадамарҷон аз ақиқа, тугмаю даспонаҳои садафӣ, рамзи тасдиқгардидаи 5500 - солагии Саразм ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.

Ҳамчунин дар ин толори намоиши адабиётҳо, брашуркаҳо ва аксҳо аз рафти симпозиуми дуюми бостоншиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Штатҳои Мутаҳиди Амрико, бо доираи васеи олимону бостоншиносон ва дӯстдорони таърих дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуда буд, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки кашфиёти Саразм ин асоси ибтидоии тамаддуни Саразми антиқа, сариншооти илмии тамаддуни ориёию тоҷикӣ мебошад.

Шаҳраки Саразм ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфта, ҳамасола шаҳрвандони зиёди ватанӣ ва сайёҳони хориҷӣ ин мавзеи нотакрорро зиёрат карда, аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик баҳравар мегарданд.

Нодира Олимова - ҷонишини омири

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАбдуллоҷон Исоқов – нахусткашшофи Саразм
Scroll to Top