Соҳаи сайёҳӣ, ки имрўз бо истилоҳи байналмилалии «туризм» маъмул аст, дар сатҳи ҷаҳон аҳамияту мавқеи хосро касб намуда, дар ду самт: дохилӣ ва байналмилалӣ ба василаи низому сохторҳои хоси худ амал менамояд. Сайёҳӣ аз ҷумлаи тамоюлоти хушпазири умумиҷаҳонӣ мебошад, ки асрҳои аср дар алоқамандӣ бо рушду инкишофи ҷомеа ривоҷ дорад. Ин соҳа дар омўзишу муаррифии таъриху фарҳанги куҳан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии муосир нақши муҳим мебозад. Ҷанбаи дигар ва афзалиятноки сайёҳӣ мусоидат ва замимагузорӣ ба рушди истеҳсолоту хизматрасониҳои гуногунҷабҳа мебошад, ки дар заминаи он хоҷагӣ ва иқтисодиёти ҳар кишвар инкишоф меёбад. Маҳз дар асоси равобит ва ҳамгироии судманд талаботи маънавию маданӣ таъмин гардида, кишварҳои ҷаҳон дастоварду имконоти бешумореро соҳиб шудаанд.
Дар робита бо ин қайд намудан бамаврид аст, ки Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангӣ дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ аст. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои сарвари дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бо падидаи рушди ин соҳа табиати беназири мавзеъҳои аҷдодии тоҷикон ёдрасу инъикоси ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст. Яке аз иқдомҳои нахустин дар ин раванд эълон намудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва муаррифии рамзи он буд. Дар он рамзи доирашакл ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ ифодакунандаи соҳибистиқлолиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо забони тоҷикӣ ва англисӣ овардани номи сол (2018 СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 2018 YEAR OF TOURISM DEVELOPMENT AND FOLK CRAFTS) баёнгари моҳияти рамз ва тарғиби ин ташаббус барои сайёҳони дохиливу кишварҳои хориҷӣ, кўҳҳои осмонбўс ва обҳои софи кишвар инъикосгари ганҷинаҳои саршори табиӣ мебошанд.
Чунонки маълум аст, имрўз Тоҷикистон бо ибораҳои воқеъбаёни «сарзамини биҳиштосо», «биҳишти рўи замин» муаррифӣ мегардад: «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кўҳҳои осмонбўс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кўлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад...».
Бояд қайд намоем, ки ин аз махсусиятҳои азалии кишвари таърихӣ буда, далели он дар осори гузашта дарҷ ёфтааст. Масалан, Суғд ҳамчун ҷои «хуррамтар»-ини машриқ ва «покизатарин» кишвари Худо тасвир гардидааст:
«Суғд – ноҳияест, ки андар навоҳии машриқ ҷое нест аз он хуррамтар. Бо обҳои равон ва дарахтони бисёр ва ҳавои дуруст ва мардумони меҳмондор ва омезанда ва неъмати фарох ва ободон ва мардумони нарми диндор бисёранд».
Ва ё:
«Суғд аз росту чап дар канори водӣ буда, миқдори он панҷрўза масофа мебошад, ки тамоми ин роҳро сабзазор ва боғу бўстонҳо иҳота кардаанд. Дарахтони сабзу киштзор дар ду канори водиаш қад кашидаанд. Онро пас аз сабзаи канораҳо киштзор иҳота намуда, пас аз киштзор чарогоҳи чорво мебошад. Дар ҳар шаҳру деҳоти Суғд қасру қалъае ҳаст, ки аз дур мисли ҷомаи дебоҷи сабз намудор мешавад. Онро бо рўдхонаҳо ва сафед кардани қасрҳо зинат додаанд. Он покизатарин кишвари Худо ва беҳтарини он аз ҷиҳати дарахту меваҷот мебошад. Дар маскани оммаи аҳолӣ бўстонҳо мавҷуд буда, обҳо ҷорӣ мешаванд».
Ин гуфтаи сарчашмаҳои дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовордошта – «Ҳудуд-ул-олам» ва «Осор-ул-билод» имрўз ҳам бе ягон шубҳа баёнгари воқеият аст. Натанҳо Суғд, умуман Тоҷикистон чун макони зарнисор барои инкишофи навъҳои гуногуни сайёҳӣ, экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, куҳнавардӣ, табобатию солимгардонӣ ва ғ. қодиру фарохимкон аст. Яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳими рушди сайёҳӣ ин тарғибу ташвиқ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «вобаста ба ин зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфросохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат» ба роҳ монда шавад. Дар воқеъ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз масъалаҳои муҳимӣ рушди сайёҳӣ ба шумор меравад. Ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ новобаста ба касбу машғулият бояд ин суханҳоро сармашқи кори худ қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани он саъю саҳм гузорад.
Имрўзҳо (2020) бо қабулу пайгирии ин дастурҳо инфросохтори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон рў ба тараққӣ овардааст. Дар заминаи ободкориҳо саросари давлат ранги дигар ва тасдиқи гуфтаҳои бузургони илму адаби гузаштаву муосир (табиати зебо, ҳавои соф, кўҳҳои сарбафалакрасида, сангҳои гаронбаҳо, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои тару тоза, манзараҳои зебову дилфиреб, ёдгориҳои таърихӣ, мардумони шоду меҳмоннавоз...)-ро пайдо карда, шавқу диққати сайёҳони ватаниву хориҷиро ҷалб намуда истодааст. Меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, лагеру парасторгоҳҳо, бошишгоҳҳои сайёҳӣ, боғу гулистонҳо, осорхонаву мавзеъҳои таърихӣ ва даҳҳо мавзею муассисаҳои алоқаманд дар робита бо сатҳу сифати умумиҷаҳонӣ таъсису такмил ёфта, фаъолияти босамар доранд. Мувофиқи рейтингҳои ҷаҳонӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи кишварҳои беҳтарину ҷолибтарин дохил гардида, диққати сайёҳони бешумореро аз гўшаву канори дунё ҷалб намуда истодааст.
Дар ин раванд МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки дорои Осорхонаҳои таърихӣ – муассисаи илмию тадқиқотӣ ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ – муассисаи фарҳангию фароғатӣ мебошад, ҳамчун мавзеи аҳамияти баланди ёдгории таърихию фарҳангӣ ва экологӣ дошта, дар рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат дорад. Аҳли кормандон бо пайгирӣ ва амалисозии барномаи рушди сайёҳӣ фаъолияту хизматрасониро ба роҳ мондаанд, ки писанди тамошобинону сайркунандагон бошад. Таъсиси шуъбаи «Рушди сайёҳӣ» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқсозии яке аз вазифаҳои Маҷмаа: фаъолияти сайёҳӣ ва муаррифии объектҳои таърихию фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Имрўз ҳар як сайёҳе, ки ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ ташриф меорад (вобаста ба шароити номусоиди умумиҷаҳонӣ – бемории коронавирус, асосан сайёҳони дохилӣ), ҳатман тамоюли дидани Боғи маъруфи ба номи Шайх Камоли Хуҷандӣ ва ҳамзамон Қалъаи Хуҷанд менамояд. Бо гаштугузор дар ин манзараи афсонавӣ, ки бо кўшишу заҳматҳои кормандони муассиса муҳайё гардиддаст, тасдиқи суханҳои боло мушоҳида мешавад. Воқеан ҳам мавзеъҳои дилнишин, гулу дарахтони мафтункунанда, фаввора, шаршара, айвонҳои боҳашамати кандакоришуда, дўкону мағозаҳо бо намунаи офаридаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ғ. бешубҳа писанди ҳар сайёҳ хоҳад гашт. Яке аз навгониҳои ҷолиб дар ин мавзеи хушманзар сохтмон ва фаъолияти роҳи ҳавоӣ мебошад. Роҳи ҳавоӣ, чунонки аз номаш маълум аст, сайри ҳавоиро аз болои дарёи Сир ба иҷро расонида, ҳамзамон мавзеъҳои дигари шаҳрро низ пеши назар меорад ва ин манзара асосан дар шомгоҳону торикӣ боз ҳам афсонавӣ аст.
Осорхонаи таърихӣ-фарҳангӣ бо ашёҳои гуногун ба маърази тамошои сокинону сайёҳони хориҷист, ки ифодакунандаи таърих, маданият, фарҳанг, ҳунару истеъдод ва дигар ҷанбаҳои халқу миллати тоҷикон мебошад. Ҳар як ашё новобаста ба ҳаҷму намуд як марҳилаи муайяни даврони гузаштаро таҷассум месозад. Хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ низ барои инъикоси лаҳзаҳои гуногуни рўзгори шоир ва умуман аҳолии Хуҷанд дар асри XIV мебошад. Ва махсусан имрўзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани ҷашни 700-солагии ин шоири бузург огоҳӣ пайдо намуда, барои дидани зодгоҳаш мекўшанд. Бо дарназардошти ин МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» намудҳои мухталифи корҳои фарҳангӣ-маърифатиро ба нақша гирифта, баҳри амалисозии он чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамин тавр, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, дўстиву бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ мо барои ободиву гул-гулшукуфӣ ва ҳамзамон, муаррифии ин ҷаннатмакон барои ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷӣ саҳм хоҳем гузошт.
З.Исоева
роҳбалади шуъбаи сайёҳии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"