“Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо. Ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамватанони азизро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат - 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукофоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно менамояд.
Маҳз Истиқлолият имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.
Дар давоми бисту нӯҳ соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Бигзор ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.
Ҷашни Истиқлолият муборак бошад. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!