Тибқи нақшаи кории Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 7 сентябри соли 2020 соати 10:00 дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба 5500- солагии Саразм конфронси илмӣ таҳти унвони “Саразм оғози тамаддуни халқи тоҷик” баргузор гардид. Дар конфронс профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Н.Раҳимов, осорхонашинос, номзади илмҳои таърихи донишгоҳи номбурда М.Файзуллоев ва донишҷӯёну устодони дигар иштирок ва маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми конфронс ба донишҷӯён сайри илмӣ гузаронида шуд. Дар он донишҷӯён аз экспозитсияи намоишӣ, ки ба Саразм бахшида шудааст аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.