Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ба муносибати 100-солагии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хизматҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров дар ҷодаи рушди таърихи  санъати мусиқии миллии тоҷик мавқеи калонеро ишғол мекунад.

Маъруфхоҷа Баҳодуров соли 1920 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Маъруфхоҷа сароянда, навозанда, оҳангсози мардумӣ, донандаи мероси мусиқии суннатии мардумӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон мебошад. Санъати сарояндагиро аз падараш Баҳодурхоҷа ва бобояш Олимхоҷа омӯхтааст. Бештар  ба сабки сарояндагии Содирхони Ҳофиз майл дошта, нозукиҳои ин ҳунарро аз мероси гаронбаҳои ӯ меомӯхт. Маъруфхоҷа  Баҳодуров ҳунарвариро дар радиои вилоятӣ ва театри ҷавонони Хуҷанд сар кардааст. Солҳои 1940-1951 солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1951-1956 сарояндаи Комитети давлатии телевизион ва радиошунавоии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Ӯзбекистон, 1956-1963 сарояндаи Комитети телевизион ва радиошунавоии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Ҳофизи мумтоз ва писандидаи кулли мардуми ду халқи ба ҳам дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон, санъаткори асилу беҳамто, донандаи беназири мусиқии классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. Барномааш  беш аз 100 суруду таронаро ташкил медиҳад. Ӯ ба осори мусиқии Содирхон  руҳия ва ифодаи тоза бахшида, таронаҳои “Шаҳноз”, “Шаҳнози Содирхон”, “Чапандози Содирхон”, ”Гулёри Содирхон“, “Гулёр”, “Баёт“, “Ушшоқ”, “Ироқ”, “Нимчӯпонӣ”  -ро бо маҳорати баланди  сарояндагӣ иҷро намудааст. Таронаҳои Маъруфхоҷа “Дилбари ҷонони ман“ (ғазали Ҳофиз), ”Эй дил хомӯш машав” (шеъри А. Лоҳутӣ), “Фидои ту” (ғазали Бедил), “Тасаддуқ” (ғазали Машраб) ба хазинаи тилоии мусиқии классики тоҷик дохил шудаанд. Ӯ мусаннифи достони манзуму мусиқии “Лайлӣ ва Маҷнун” мебошад. Ширкаткунандаи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москав (1941), Даҳаи санъати ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (Тошкент, 1944) ва дигар барномаҳои ҳунарист. Ба кишварҳои Афғонистон ва Эрон  сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Бо орденҳои Байрақи Сурхи  Меҳнат ва “Нишони Фахрӣ”-и ИҶШС сарфароз гардидааст.    

Дар  “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” танбӯр, дафтари дастнависи шеърҳо бо хатти лотинии  устоди шашмақом  Маъруфхоҷа Баҳодуров, ки аз ҷониби шогирди ӯ Тоҳиров Тоҳирхоҷа дастрас гардида, дар фонди осорхона таҳти №3504 номнавис шудааст, нигаҳдорӣ карда мешаванд. Танбӯр аз қисматҳои коса, дастак, гӯшакҳо, симторҳо, харак ва пардаҳо иборат аст. Коса ва дастак аз чӯби дарахти тут, зардолу ва чормағз сохта шудааст. Қисматҳои атрофи коса ва дастак бо садаф  ороиш дода шудааст. Дастак аз мобайнаш бо воситаи ҳалқаи рахапеч (резба) ҳамроҳ ва ҷудо карда мешавад. Аз гуфти шогирди Маъруфхоҷа Баҳодуров танбӯри рахапеч ба устод барои он лозим буд, ки танбӯри худро ба чувздон ҷой намуда, дар сафарҳои хизматӣ ба дигар давлатҳо ҳамроҳ мегирифт.

Инчунин Маъруфхоҷа Баҳодуров бо баробари сароидан, бо сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ – танбӯр, дутор, сетор машғул мешуд. Яке аз дутори  нимтайёри он кас ҳам дар фонди осорхона нигоҳдорӣ карда мешавад.

Мо кормандони осорхона бояд ҳар чӣ бештар доир ба ҳаёт ва фаъолияти осори чунин шахсиятҳо мисли Маъруфхоҷа Баҳодуров, ки дар рушди фарҳанг ва муаррифии санъати волои миллати тоҷик саҳм гузоштаанд, корҳои ҷамъовариро вусъат бахшида, маводҳо чамъ намоем. 

Тиляева Ш.

                                                                                                                                                                                  корманди илмии Мд МФТ "Қалъаи Хуҷанд" 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБа муносибати 100-солагии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров
Scroll to Top