Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоб сарчашмаи хирад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 3-юми сентябри соли 2020 соати 10:00 дар Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба “Рӯзи китоб” намоиши дастхатҳо таҳти унвони “Китоб сарчашмаи хирад” ифтитоҳ ёфт. Дар чорабинӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷонишини омир оид ба корҳои илм Олимова Н., мудири шуъбаи фонд Ӯрмонҷонова А., мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр Шехимов И., мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Ёдгорӣ А. ва мудири шуъбаи таърих Мамадҷонова М. иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур меҳмонон, кормандони китобхона, омӯзгорону толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Исфара иштирок ва баромад намуданд. 

 Чорабиниро директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳри Исфара Раҳимова Гулчеҳра ифтитоҳ намуд. Дар чорабинӣ директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара Раупов А., ҷонишини омир оид ба корҳои илм Олимова Н. баромад намуданд.

Дар намоиш аз маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаи нодир ба монанди “Захирату-л-мулук”, “Ҷомеъу-л-улум”, “Маслаку-л-муттақин”, “Ахлоқи Ҷалолӣ”, “Қуръони Маҷид”,  “Девон”-и Амир Умархон, “Девон”-и Амир Алишери Навоӣ, “Девон”-и Мирзо Бедил, “Қофия”, Сарфу наҳви арабӣ, “Гулистон”-и Саъдӣ, “Рубоиёт”-и Хайём ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. 

Мавзӯъҳову мундариҷаи нусхаҳо фарогирии забон ва адабиёт, таърих, ирфон, ахлоқ, сарфу наҳви арабӣ, фиқҳи ҳанафӣ ва ғайра буда, аз арзишмандтарин осори ҷамъовардашуда мебошанд. Ғайр аз ин, нусхаҳо мавриди назар баёнгари ҳунари волои хаттотӣ, тазҳибкорӣ ва ҷилдсозӣ буда, нишон аз арзишҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитоб сарчашмаи хирад
Scroll to Top