Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоб - ҳастии миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Имрӯз бо ибтикори Муасиссаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашри ҳар ду Муассисаро таҳти унвони «Китоб – ҳастии миллат» ба роҳ монданд. Ин маҳфил ба пешвози ҷашни 700-солагии шоир ва орифи бузурги тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ ва Рӯзи китоб бахшида шуда, дар он шоирон, олимон ва доираи зиёди устодони донишгоҳ ширкат намуданд.

 

Маҳфилро директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», адабиётшинос ва шоир Баҳром Раҳматов оғоз намуда, иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати адабпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни 700- солагии шоири беназири тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ҳамчунин, Баҳром Раҳматов зимни баромади худ аз масъалаҳои муҳими ин ҳамоишро баррасӣ кард.

Дар ин маҳфил профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, камолшиноси мумтоз Бадриддин Мақсудов низ иштирок дошт. Бадриддин Мақсудов аз дастовардҳои илмии Маркази Камол ёдовар шуда, асосан атрофи китоби «Мактаби Камол», ки соли 2019 ба пешвози ҷашни Камоли Хуҷандӣ бо кӯшиши Баҳром Раҳматов ва Шоира Олимова нашр гардидааст, таҳти унвони «Мулоҳизаҳо дар атрофи китоби «Мактаби Камол» андешаронӣ намуда, аз арзишҳои мондагори ин китоб сухан гуфт.

Адабиётшинос, дотсенти кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Б.Fафуров Субҳони Аъзамзод дар мавриди ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» – «Камол дар оинаи тазкираҳо», ки бо таҳия ва тавзеҳи кормандони Маркази Камол Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов нашр гардидааст, ба унвони «Нақду баррасии китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» баромад намуда, масъалаҳои асосии ин китобро арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, декани факултети забонҳои шарқ Ислом Раҳимов, ки муҳаррири китоби «Феҳристи нусхаҳои фонди Осорхонаи вилояти Суғд» мебошад, дар мавриди аҳамияти он гузориш намуда, барои нашрҳои минбаъдаи ин китоб чанд маслиҳату пешниҳодҳо ироа кард. Бояд гуфт, ки китоби мазкур бо кӯшиши кормандони МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов, Иззатбек Шехимов ва Оқилбой Оқилов таҳия шуда, бо қарори Шӯрои илмии “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”нашр гардидааст.

Адабиётшинос Сурайё Ҳакимова бошад, аз муаррифӣ ва таҳлили китоби «Камол дар оинаи пажӯҳиш», ки бо кӯшишу заҳматҳои устоди дотсент Субҳони Аъзамзод таҳия шудааст андешаронӣ кард.

Баҳри дар мавриди муҳтаво ва мундариҷаи дастовардҳои тозанашр иштирокдорони маҳфил изҳои андеша намуданд.

 

Дар охир аз номи «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба чанде аз устодон, аз ҷумла, Бадриддин Мақсудов, Баҳром Мирсаидов, Нуруллоҳ Fиёсов, Нуралӣ Нурзод, Субҳони Аъзамзод ва Сурайё Ҳакимова барои ҳамкориҳои доимиашон дар рушди корҳои Марказ «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя гардид.  Барои ҳамаи меҳмонони иштирокнамуда низ аз китобҳои тозанашри Муассиса қадрдонӣ гардиданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитоб - ҳастии миллат
Scroll to Top