Нимаи дуюми рӯзи 27-уми августи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тоҷибоев А.Е. дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати ҳамроҳон аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Меҳмононро дар саҳни осорхона омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. ва шахсони масъул истиқбол гирифтанд.
Аз ҷониби роҳбаладони осорхона ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, шуруъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият дидан намуда, бо таърих ва фарҳанги халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд. Меҳмонон аз тамошои толорҳои намоишии осорхона изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана ҷаноби Тоҷибоев А.Е. дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таассуроти хешро қайд намуд: “Хотел бы выразить благодарность работникам музея за сохранение истории и культуры Таджикистана.
Желаю всем жителям Республики Таджикистан мира, благополучия и процветания.
С уважением, Посол Республики Казахстан в Республике Таджикистан А.Таджибаев”.
Минбаъд, меҳмонон аз манзараҳои зебою дилфиреби Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард.
Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, бахши кишоварзӣ, фарҳангу санъат, маориф ва савдою сармоя ҳамкориҳои густурда доранд.