Истеҳсоли силоҳ ва истифодаи он таърихи хеле қадима дошта, дар тӯли асрҳо такмилу таҳаввул ёфта, бо инкишофи илму техника дар замони муосир ба дараҷаи баланд расидааст.
Имрӯзҳо бисёр осорхонаҳое мавҷуданд, ки намоишгоҳҳои осорхонавии онҳо ба таърихи яроқ ва аслиҳаҳои ҷангӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла: Осорхонаи силоҳи Москва ва Осорхонаи давлатии силоҳи шаҳри Тула (Русия), Осорхонаи силоҳи Луидҷи Мартсели (Италия), Осорхонаи силоҳҳои ҷангии Эрон (Теҳрон, Эрон), Осорхонаи силоҳи Бердҷ-Норд (Марокко), Осорхонаи силоҳи- Лиеҷ (Белгия) ва ғайраҳо.
Доир ба санъати ҳарбӣ ва яроқсозии тоҷикон мутаассифона, имрўзҳо маълумоти мукаммали илмӣ рӯи кор наомадааст. Оид ба тактикаи ҷангии лашкаркашони маъруфи миллатамон, оид ба корнамоиҳои ҷанговарон ва истифодаи яроқ дар муҳорибаҳо, гоҳо дар асарҳои таърихӣ ишораи хурде ҳасту халос. Вагарна ҳар лашкаркаш ва ҳар сипоҳсолори хонадони ҳоким мисоли Дайламиён, Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Ғуриён ва Ғазнавиёну Салчуқиён санъати ҳарбӣ, тактикаи ҷангӣ ва аслиҳаи хоси набард, афзори муҳофизатӣ, ҷосусони моҳир ва дигар омилҳои муҳими ҷангиро доштанд.
Аз рӯи қайди академик Б.Ғафуров дар китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Душанбе, 1983» маълум мегардад, ки дар давраи палеолити миёна аслиҳаи асосӣ корд ҳамчун олоти буранда ва силоҳи шикорӣ истифода мешудааст.
Дар асри санг бошад, аслиҳаи асосии шикорӣ аз найза ва синон иборат буда, ки дастаҳои чӯбӣ ё устухонӣ бо мум ва ширеш маҳкам мекардаанд.
Яъне аз давраҳои қадим аслиҳасозӣ ривоҷу равнақ ёфта, минбаъд баъди ихтирои фулуз аслиҳаҳоро аз оҳан омода менамуданд..
Дар байни маҳсулоти оҳангарон, ки ба касбҳои гуногун тақсим шуда буд, истеҳсоли яроқу аслиҳа ва коркарди он ҷойгоҳи хос дошт, онҳо бар замми оҳангарӣ яроқсоз ҳам будаанд. Яроқҳо вобаста ба хусусият ва мавриди истифодаашон ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Аз ҷумла: Яроқҳои оташфишон, яроқҳои сард, силоҳи ҳаводиҳанда, зарбазананда ва ғайраҳо.
Яроқсозӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳунармандии тоҷикон ба шумор рафта, онҳо аллакай аслиҳаҳое мисли камонҳои оддию мураккаб, шофу шамшер, гурзу табарзин, сипару ханҷар ва фалахмон гурӯҳбандӣ шуда буданд. Ёфт шудани пайкон аз кӯҳи Мевагул (с.2018), пулакчаи камон (с.2019) ба он далолат мекунанд.
Чи тавре, ки Б.Ғафуров изҳор менамоянд: «Бартарияти яроқу аслиҳаи суғдиён на фақат дар шакли зебову мукаммали зоҳирии он, балки яроқу аслиҳаи суғдиён дар муҳорибаҳои шадид тобовар будааст». Мисоли равшан муҳорибаи Темурмалик бо табарзин бар зидди муғулҳо аст.
Бо мақсади арҷ гузоштан ба гузаштаи миллат аз манотиқи гуногуни таърихии кишвар дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ ва аз байни аҳолии вилоят аслиҳа ва дигар лавозимотҳои ҷангӣ дар баробари дигар асбобҳои таърихӣ дар осорхонаҳо ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ мешаванд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳост.
Тибқи китоби воридотии соҳавии фонди осорхона 32 адад силоҳ ва яроқҳои гуногун ба монанди: корд, туфанг, каҷкорд, туфанги якмила, туфанги пилтагини шикорӣ, ханҷар, шамшерҳои гуногун ва боқимондаҳои қисмати онҳо мавҷуданд, нигоҳ дошта шуда, қисме аз онҳо дар толорҳои намоишӣ гузошта шудаанд. Яке аз ин яроқҳо шамшер - силоҳи сарди ҷангӣ мебошад, ки сарбозони савораи армияи подшоҳии рус ҳанӯз оғози асри ХХ аз он истифода мекарданд ва соли 2015 аз тарафи комиссияи харидории назди фонди осорхона харидорӣ гардид.
Шамшер аз пўлод сохта шуда, дастак низ дорад, нӯгаш борик ва каме каҷ аст. Шамшер ду дама, теғи дутарафадор буда, дар мобайни ду тарафи шамшер ду хати ҷуякдор мавҷуд аст. Дар як тарафи дами шамшер дар атрофи тамғаи хурд ҳарфҳои п.р.т.и.к.қ.и.б.е ва соли 1915 сабт гардидааст. Дар дигар паҳлуи шамшер ду ҳарфи «А»-и тоҷдор ва «А» мавҷуд аст. Дастаки он шакли барҷастаи муқарнасӣ дошта он аз ду тараф мехпарчин карда шудааст. Қисмати болоии дастак бо маводи биринҷӣ тасмабандӣ карда шуда, дар рӯи фулуз рақами 3 ва ҳарфҳои б.л.т.м.д сикка зада шудааст ва дар як тарафи он ду адад саркулолаи мехпарчин мавҷуд аст. Шамшер ғилоф дошта, қисмати асосии мобайни ғилоф бо чарми сиёҳ рӯйкаш карда, овезаи чарминии таъмиршуда дорад. Дарозии шамшер бе дастак 59 см, бари теғ 3 см, дастак 15 см мебошад.
Ҳамчунин дар толорҳои намоишии осорхона, дар толори «Элинизм» шамшери фулузии мутааллиқ ба асрҳои 11-1 пеш аз милод, дар толори «Тамаддуни халқи тоҷик» яке аз шамшерҳо дар зери шиша, дигаре дар мавзӯи даврабандии «Халқи тоҷик дар давраи чингизиён» дар қатори ҷавшани ҷангӣ ва гурз ҷой дода шуда, 3 адад яроқи дигар - туфангҳои оташфишони аввали асри ХХ дар намоиши мавзӯии «Ҷунбишҳои халқӣ ва мустаҳкам шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон» гузошта шудааст.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки яроқ ва аслиҳа дар ҳар давру замон моҳияти худро дошта, баёнгари воқеа, ҳодисаҳои таърихӣ, бозгӯкунандаи санъати баланди миллии ҳунарманди касбии соҳаи махсусгардидаи яроқсозӣ ба ҳисоб меравад.
Мавҷуда Бойматова
корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
(Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, №5)