Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чоҳи обкашӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Чоҳи обкашӣ ҷузъи фарҳанги хоҷагидории тоҷикон маҳсуб ёфта, он аз давраҳои қадим дар аксарияти ҳавлиҳо истифода бурда мешуд. Чоҳ як навъи иншооти гидротехникиест, ки дар шакли шахтаи омудӣ ё пармачоҳ месохтанд. Чоҳҳо обгир, заҳкаш ва соҳилӣ мешаванд. Чоҳҳои обгир махсусан чоҳҳое, ки барои ба даст овардани оби нӯшокӣ месозанд, бештар маъмуланд. Чоҳи деворҳояш аз чӯб сохта шуда 10-15 сол ва сангину бетонин 20-25 сол истифода мебаранд. Тоҷикон дар давраҳои пеш дар ҳавлии худ барои оби нушиданию ошомиданӣ чоҳ мекофтанд ва аз он истифода мебурданд.

Дар чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” чоҳи обкашӣ сохта шудааст, ки чуқурии он аз бетонхои даврашакл ва беруни он бо хиштҳои пухта оро ёфтаанд. Чоҳи обкашӣ муаррифгари таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошад.

Ҳадаф аз нишон додани чоҳи обкашӣ дар Хона-музей бохабар кардани ҷавонон аз таъриху фарҳанги волои тоҷикон мебошад.

Тахмина Тошматова

роҳбалади МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧоҳи обкашӣ
Scroll to Top