Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

СОДИРХОН ҲОФИЗ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

                                                               Ба муносибати 173-солагии ҳофизи халқӣ 

Хуҷанди бостонӣ зодгоҳи шахсони барӯманд, ки дар тамоми Осиёи Миёна ва берун аз он машҳур буданд. Яке аз ин шахсиятҳо Содирхон Ҳофиз   буда, дар санъати мусиқии тоҷик ва ӯзбек саҳми босазо гузоштааст.

Содирхони Ҳофиз Бобошарипов соли 1847 дар маҳаллаи Қӯшбегии шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Вай аз ҷавонӣ хушзеҳн ва мусиқидӯст буд. Ӯ дар сӯҳбатҳое, ки падари санъатдӯсташ дар хонаашон ташкил менамуд, иштирок мекард. Ин базмҳо шавҷу завқи Содирхони ҷавонро бедор карда, ба омӯхтани мусиқии халқию классикӣ водор менамуданд. Вай ба тӯю маъракаҳо рафта, мафтуни нолаҳои марғубу навоҳои дилнишин гашта, меҳраш ба суруд меафзуд. Падар майлу рағбати писарашро пайбурда ӯро ба Бузургхонтӯраи дуторчӣ ба шогирдӣ медиҳад. Содирхони ҷавон аз Бузургхонтӯра санъати дуторнавозию сурудхонӣ, аз шоир Кошиф танбӯрнавозиро меомӯзад. Ғайр аз ин аз ҳофизи номӣ Мулло Муҳаммад Карим дарси мусиқӣ мегирад ва ҳамзамон пайваста худаш низ машқ мекунад. Бо мурури замон истеъдоди Худододаш сайқал ёфта, ӯ чун ҳофизи мусиқишинос ва иҷрокунандаи сурудҳои классикии тоҷикӣ ном мебарорад. Ҳамчунин Содирхон аз рӯйи гуфтаҳои келинашон Биниссохон ба сохтани асбобҳои мусиқӣ низ машуғл буданд.

Дар синни 30-35 солагӣ ӯ ҳамчун ҳофизи писандидаву шинохта дар тӯю маъракаҳои мардуми маҳаллӣ ва берун аз он, ба монанди Исфара, Ашту Қӯқанд, Самарқанду Бухоро, Андиҷону Фарғона, Марғелону Тошканд иштирок менамуд.  Репертуари Содирхон хеле бой ва рангин буда, оҳангу наво ва суруду мақомҳои гуногунро дар бар мегирифт. Ӯ махсусан суруду мақомҳои “Ушшоқ”, “Уфар”, “Гулёр”, “Дилхарош”, “Талқин”, “Чоргоҳи Муноҷот”, “Муноҷот”, “Сегоҳи ду” “Сегоҳи се”, “Савти уфар”, “Гирия”, “Савти муноҷот”, “Чоргоҳ”, “Мирзодавлат”, “Шаҳнози Хуҷанд”, “Қашқарча” ва ғайраҳоро бо маҳорати ниҳоят баланд ва салиқаи хоси сарояндагӣ иҷро мекард.

Мутобиқи нақли мусиқишиносон А.М.Зубков ва Е.А.Прокофьев: Овози Содирхон баланду хушоҳанг ва диапазонаш доманадор буд. Хосияти асосии бурроию таъсирбахшии  сурудҳои Содирхон робитаи қавӣ ва алоқаи узвии оҳану наво ва вазни шеър буд. Ҳангоми сурудхонӣ ӯ аз оҳангҳои кашишдор якбора ба алҳони кӯтоҳ (аз савти паст ба баланд ва ё баръакс) гузашта метавонист, ки он шаҳодати маҳорати сарояндагии ҳофиз буд. Содирхон овози “шикамӣ” дошта, озодона ва бемашаққат месуруд (хусусан авҷҳои “Зебопарӣ”, “Муҳайяр”, “Авҷи турк”). Ҳамчунин ӯ бар матни ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Бедил ва дигарон месуруд.

  Содирхон Ҳофиз бо мусиқишиносон ва нависандагон ҳамкории зич ва дӯстӣ  дошт. Дӯстони наздиктарини Содирхон Ҳофиз ин Тошхӯҷа Асирӣ, Хоҷа Юсуф, Ҳусайни Розӣ, Абдуллои Файз, Хоҷа Абдулазиз, Тӯйчи Тошмухаммадов, Мирзоабдулло Файзи Хуҷандӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва  дигарон буданд.

Солҳои Ҳокимияти Советӣ Содирхон дар идораю муассисаҳои фарҳангӣ кор карда ба ҷавонон нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯхт. Солҳои 1928-1929 дар ҳайси муаллими Институти тадқиқотии мусиқишиносии Ӯзбекистон фаъолият бурдааст. Пеш аз Инқилоби Октябр суруду таронаҳояш аз тарафи ширкати “Гофман” (Қӯқанд ба 12 грампластинка), соли 1909 аз тарафи фирмаи англисии “Пишущий Амур”, солҳои 1903-1905, 1908-1910 аз тарафи ҳайати экспедитсияи махсуси ширкати грамофонии Рига, солҳои 1908-1909 аз тарафи Илҳоми Самоворчӣ (Тошкант) сабт шудааст. Солҳои 1946 дар Тоҷикистон китобе бо номи “Асарҳои мунтахаби Содирхон” ба табъ расидааст.

Фарзанди бузурги халқи тоҷик Содирхон Ҳофиз  дар инкишофу рушди  санъати мусиқии натанҳо тоҷик  балки халқҳои дигари Осиёи Миёна низ ҳисси босазои худро гузошта соли 1931 дар зодгоҳаш Хуҷанд чашм аз олами ҳастӣ мепӯшад. Ҳоло пайвандони ин санъаткори шинохта чароғи хонаи бобогии худро фурузон намуда то ҳол дар ин ҳавлӣ истиқомат доранд.

Содирхон Ҳофиз се писару як духтар дошт. Писари калонии Содирхон Муҳаммадҷон (1884-1956), писари миёнааш Дадобой (1900-1935), духтараш Бибиойша (1903-1973), писари хурдиаш Нодирҷон (1907-1942) буданд. Аз байни наслҳои  санъаткор низ шахсоне бароманданд, ки чун бобои хеш ба халқу ватан хизмати босазо намудан, ки инҳо Малоҳат Дадобоева -  ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пӯлод Мамадҷонов – ҷонишини директори комбинати “Абрешим”, Шарафниссо Мамдҷонова – директори тепография Мубинҳон Юсупов – шоир ва нависанда ва даҳҳо дигарон.

Анъанаи сарояндагии Содирхонро ҳунарпешагони халқии Шӯравӣ Ҳ.Мавлонова, Ҷ.Муродов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Б.Исҳоқова, ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Б.Ниёзов, М.Исҳоқбоева, Ф.Сайдуллоева идома дода истодаанд. Ҳофизони халқии ҷумҳури Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва Мирзобобо Аҳмадов  шогирдони Содирхон дониста шудаанд.

Ёдгориҳои Содирхон Ҳофиз беҳамтост, ғайр аз суруду оҳангҳои дилошӯб аз ӯ танбӯру дутор ва дигар чизҳои  шахсиаш ҳамчун картаи сабти овози ҳофизи хушнаво мавҷуд аст, ки қисмате дар дасти пайвандон қисмати дигар дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва   Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфуз мебошад. 

 

                              Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи таърихи

                                          МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСОДИРХОН ҲОФИЗ
Scroll to Top