Граммофон асбоби такроран шунавонидани овоз ба воситаи қарта мебошад. Ҳангоми кори граммофон нӯги сӯзани он дар рӯи ҷӯякҳои печутобдори қартаи даврзананда ҳаракат карда, ларзишҳоро ба мембрана мегузаронад ва рупор ин ларзишҳои овозиро пурқувват ва паҳн мекунад.
Граммофонро бори аввал соли 1888 дар ИМА инженери немис Э. Берлинер ихтироъ намудааст. Дар аввал қурси граммофонро бо ёрии дастаки дандонадор ба ҳаракат меоварданд, суръати даврзанӣ бошад, бо ёрии механизми махсус танзим мешуд. Дертар Э. Берлинер ва Э. Ҷ. Ҷонсон барои танзими суръати чархзанӣ дар он механизми пружиниро истифода бурданд, ки дар натиҷа мавҷи садо нисбатан суфта гардид.
Махсусан навъи бештар паҳншудаи граммофон – патефон, то солҳои 40-уми асри ХХ маъмул буд. Баъдтар навъҳои мукаммали он – граммофони электрикӣ ва электрофон ба вуҷуд омад.
Осорхонаи таърихии вилоятии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки кони экспонатҳои нодир ба ҳисоб меравад, низ дорои граммофонҳо мебошад. Яке аз ин таҷҳизотҳо дар хонаи миллии асри ХIХ, ки дар Осорхонаи таърихӣ мавҷуд аст, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Истеҳсоли фаронсавӣ дошта, 31 июли соли 1967 аз Умаров Мамадҷон харидорӣ карда шудааст. Граммофон дар китоби воридотӣ таҳти рақами 251 сабт гардидааст.
Наргисахон Бузурукова
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”