Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо ҳамкории кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наверо ба унвони «Феҳристи нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» бо шумори сад нусха тариқи нашриёти Ношир нашр намуд.
Китоб бо кўшиши кормандони МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов, Иззатбек Шехимов ва Оқилбой Оқилов таҳия шуда, муҳимтарин дастнавиштаҳоеро, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад, муаррифӣ мекунад. Бояд афзуд, ки дар ин махзан беш аз 70 нусхаи хаттии дар асрҳои гуногун китобатшуда маҳфузанд, ки бархе дар зоти худ нодиранд. Китоби ҳозир нахустин кўшиши муаррифӣ кардани сарчашмаҳоест, ки ба олимони соҳаҳои таърих, адабиёт, забон ва ғайра зарур буда, ин иқдом аз як сў сафи истифодабарандагони китобҳои мазкурро афзояд, аз сўи дигар ба ин ҳадаф аст, ки китобҳои то ҳол таҳқиқнашуда ба маърази таҳқиқу истифодаи илмӣ кашида шавад.
Мураттибон зимни таҳияи китоб кўшиш намудаанд, ки дар муаррифии ҳамаи нусхаҳои фароҳамомада муаллиф, номи китоб, забони таълиф, навъи асар, ҳаҷм (саҳифагузории қаламӣ), соли китобат, котиб, намуди хат, андоза, ҳолат, оғози китоб ва мушаххасоти дигарро рўнамоӣ карда бошанд. Ҳамчунин, дар саҳифаи алоҳида оғози ҳар нусхаи муаррифишавандаро ҷой додаанд, ки бо сифати хубу хонданӣ чоп гардидааст.