Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Серватюк В.Н. ва ҳайати ҳамроҳон аз Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Осорхонаи таърихӣ дорои наздик 1500 нигораҳо буда, таърихи дирӯзу имрӯзи халқи тоҷикро инъикос менамояд. Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Сараввал, онҳо аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот гирифта, сипас бо толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк В.Н. дар китоби хотиротии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оиди шиносоӣ аз таъриху фарҳанги вилоят ва меҳмоннавозии хуҷандиён изҳори қаноатмандӣ намуда, хотироти худро қайд намуд.