Дар ин рӯзи мубораку фархунда омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов Иброҳим Сангинович ҷашни зодрӯз доранд. Устоди азиз! Шуморо аз замири қалб бо ҷашни мавлудатон 60-солагӣ табрику таманниётҳои зиёд намуда, ба Шумо қабл аз ҳама умри дарози бехазон, бахту иқболи баланд, саодатмандии ҷовидона, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияти ояндаатон комёбиҳои беназирро таманно менамоем. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои Помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!
Шавед садсолаю дарде набинед,
Зи умри хушгузар гарде набинед.
Зи умри хушгузар эй гул ба домон,
Ба сад соли дигар гарде набинед.
Ҷашни фархунда муборак!
Бо сад орзуҳои нек ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”.