Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муаррифии нусхаи аксии девони Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Маҳфуз дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ) 

 Нусхаи хаттии девони Камоли Хуҷандӣ дар китобхонаи Отиф Афандии шаҳри Истамбули Туркия таҳти № 2103 нигаҳдорӣ мешавад. Нусхаи аксбардоришудаи нусхаи мазкур бошад, дар «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» ҷой дорад. Ин нусха низ яке аз нусхаҳои қадим ба ҳисоб рафта, китобати он моҳи муҳаррами соли 872 / августи 1468 аз тарафи Муҳаммад ибни Алоуддини Табрезӣ ба анҷом расидааст. Нусха дорои 263 варақ мебошад. Хаташ настаълиқи зебо буда, ҳар сафҳа 12-13 сатр дорад. Нусха шомили 1 қасида, 870 ғазал, 57 қитъа, 15 муаммо, 23 рубоӣ, 1 рубоӣ-мустазод ва 5 фард мебошад. Нусха бисёр нафис буда, хеле хуб нигаҳдорӣ шудааст. Масалан, калимаҳои ҷойнагирифтаву афтодаи баъзе мисраъҳои ғазалҳои «Моҳ дар ҳусн ба рухсори ту хешованд аст», «Мо ба куфри зулфи ӯ дорем имоне дуруст», «Чашмат ба саъйи ғамза дари фитна боз кард», «Чашми мастат гӯшмоли наргиси пурхоб дод», «Шаб, ки дар хилватам он шамъи шакарлаб бошад», «Биё соқӣ, ки бехи ғам ба даври гул барандозем», «Туро дар дил вафо бошад, чӣ донам», «Чаро ранҷид ёр аз ман, гуноҳи худ намедонам», «Чӣ хуш буд он шабе, к-аз дар даромад ёри маҳрӯям», «Дил зи чашми ӯ ба нозе маст шуд, бе хеш ҳам», «Эй сабо, бар хоки кӯи ёри мо хуш меравӣ» ва як байти афтодаи ғазали «Ҳазор сарв, ки дар ҳадди эътидол баромад» дар ҳошия китобат шудааст. Бо вуҷуди ин, дар ҷо-ҷои матни баргаҳои 84, 114, 115, 123, 151 ва 176 об расида, аз онҳо баъзе калимаҳо нохоност.

Ҳангоми омӯзиши нусхаи номбурда ба назар расид, ки ҷойҳои баргаҳои 17 ва 18 ҳангоми таъмири нусха иваз шудааст, зеро дар охири баргаи 16 ду байти ғазали «Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб» китобат шуда, баргаи 17 бошад, бо мақтаи ғазали «Аз гулистони рухат ҳусни бутон як варақ аст» оғоз мешавад, вале баргаи 18 бошад, бо идомаи ғазали «Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб» оғоз шуда, бо шаш байти ғазали «Аз гулистони рухат ҳусни бутон як варақ аст» ба поён мерасад. Дар нусхаи мазкур дар радифҳое, ки бо ҳарфҳои арабиасоси «со», «зол», «айн» ва «коф»-анд, ғазал вуҷуд надорад. Гуфтан бамаврид аст, ки он бори аввал тавассути кӯшишу заҳмати доктори илмҳои филология Насриддинов Фахриддин барои интихоби 10 ғазали шоир, дар тартиби маҷмӯае аз ашъори Шайх Камол бо номи «Армуғони аҳли дил», бахшида ба Конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: Ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» (Хуҷанд, 28-29 октябри соли 2016) ба муомилоти илмӣ кашида шуд. Ҳамчунин, бояд қайд кунем, ки нусхаи номбурда аз ҷониби нигорандаи ин сатрҳо низ дар ҳаммуаллифӣ бо Баҳром Раҳматов дар тасҳеҳи 200 ғазали шоир, ки соли 2018 бо номи «Варақи ҳусн» ба табъ расид, мавриди истифода қарор гирифтааст. Нусха, яке аз нусхаҳои девони Шайх Камол ба ҳисоб омада, барои тасҳеҳ ва шинохти дурусти аксар ғазалҳои ин шоири маъруфи тоҷик бисёр судманд аст. Илова бар он, ки ин нусха дар тасҳеҳи ашъори шоир аҳамияти бузургро бархурдор аст, боз ғазалҳоеро шомил аст, ки то ҳол тавассути ягон нашри девони шоир, ки зиёда аз 15 маротиба сурат гирифтааст, муаррифӣ нагашта, бори аввал тавассути мақолаи ҷудогонаи нигоранда бо номи «Дастхатҳои девони Шайх Камоли Хуҷандӣ ва масъалаи матншиносӣ» дар «Фаслномаи илмӣ-адабии Камоли Хуҷандӣ» ба нашр расида буд (1, 67-75). Яъне, дар нусхаи мазкур чанд ғазали нав, ки дар камолшиносӣ аз бозёфтҳои муҳим ба ҳисоб меоянд, вуҷуд дорад.

Ғазалҳо:

На рӯи он, ки зи рӯи ту рӯй бартобам,

На бахти он, ки даме суҳбати ту дарёбам.

Надидаам ба ҷуз аз дида мардуме в-он низ

Ба гоҳи гиря дарорад миёни ғарқобам.

Хаёли рӯи ту дар хоб метавон дидан,

Вале зи дарди фироқат намебарад хобам.

Зи роҳи дур таваҷҷуҳ ба даргаҳат кардам,

Бад-он умед, ки фатҳе шавад аз ин бобам.

Маро зи ҳиммати олӣ ҳавои қомати туст,

Агарчи дархури ҳиммат намонд асбобам.

Маро зи умр чӣ ҳосил ба ғайри ҷон кандан,

Чу нест ҳеҷ насибе зи васли аҳбобам?!

Ҳадиси ишқу ғарибиву бекасии Камол,

Ба ҷуз сабо кӣ расонад ба гӯши асҳобам?! (2, ғазали 660)

                                                                                        ***

Мехурам бода ба ёди рухи ту чун ту мудом,

Ҷуз бад-ин ваҷҳ дамодам натавон хӯрд мудом.

Ҷони ман зинда ба ҷомест, ки дар давр намонд

Ғамгусоре, ки бувад покдарун ғайр аз ҷом.

Акси рухсори ту дар бодаи гулгун дидам,

Мастро бехудӣ аз май на аз он рӯст мудом.

Ба биҳиштам чӣ фиристиву ба ҷанноти наим,

Мурғи зирак ба чунин дона наяфтад дар дом.

Ғояти қибла туӣ, в-арна кӣ ояд ба намоз,

Ғараз аз Каъба туӣ, в-арна кӣ бандад эҳром?!

Комам ин буд, ки бар лаъли ту фирӯз шавам,

Умрҳо рафту даме з-ӯ нарасидем ба ком.

Ман шабу рӯз ба мастӣ гузаронам фориғ,

Рӯз аз шом ба субҳ ораму аз субҳ ба шом.

Аз ҷаҳонам се мурод асту аз ин нест мазид,

Суҳбати ёру мақоми назаҳу шурби мудом.

Ин ба Шероз муяссар нашавад, медонам,

Ҳаббазо, хиттаи Бағдоду хушо, Дори Салом.

Дигарон ном ба номус бароранду Камол,

Ҳаст аз онҳо, ки на номус шиносанду на ном (2, ғазали 661).

Аз лиҳози шеваи баён ва равонии сухан ҳар ду ғазали мазкур ба сабки Шайх Камоли Хуҷандӣ наздик аст ва образҳои шеърҳои мазкур ҳам такрори образҳои ашъори Шайх Камол мебошанд.

Хулоса, нусхаҳои хаттии девони Шайх Камоли Хуҷандӣ барои дарёфти ғазалҳо, рубоиёт, муқаттаоту муфрадоти тоза, ки боре ба нашр нарасидаанд, аз санадҳои дастиаввал ба ҳисоб меравад. Нусхаҳои хаттии девони шоир илова бар доштани такрори ғазалҳои ҳамдигар дар тасҳеҳи матни ашъори шоир ва такмили он хеле судманд мебошад.

Оқилбой Оқилов

корманди МД "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ"

(Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №5)

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМуаррифии нусхаи аксии девони Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top