Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозгашти маънавии бунёдгузори кохи азими сухан Хоҷа Камол

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 700-солагии шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ

Хуҷанди куҳану ҳамешаҷавон дар соҳили руди марворидгуни Сир дар сароғози водии Фарғона ҷой гирифтааст. Хуҷанд ҳамчун маркази таъриху тамаддун ва фарҳанг бо олимону шоирон, адибону ихтирокоъкоронаш, ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Оли Хуҷанд бо сарварии Собити Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Содирхони Ҳофиз, Бобоҷон Ғафуров ва Фарзона машҳури дунё гаштааст. Дар бари руди Сир, дар ин мавзеи фараҳафзои шаҳр соли 1924 барои бунёди боғи шаҳрӣ асос гузошта шуда, расми кушоди он 1 майи соли 1939  баргузор гардидааст. Алҳол, бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 Боғи истироҳатӣ ва фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда, рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи 2015 ифтитоҳ ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардидани ҳар як сухану дастуру супоришот муҷтаҳид гардида, мақсади омўзиши таърих ва фарҳанги  ниёгонро хеле равшан чунин зикр намудаанд: «яке аз сарчашмаҳои худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад». Дар партави амалисозию бунёдкориҳо бо ибтикори Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ бо якҷоягии Раиси иттифоқи нависандагони вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод, Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона ва аҳли зиё хоки муқаддас аз марқади шоир аз шаҳри Табрез оварда шуд. Дар Хуҷанд бо ҳидояту раҳнамоии адабпарваронаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд Хоҷа Камол бо иди Наврӯзи байналхалқӣ ба вуқӯъ омад. Як замоне ин фақат орзу буд. Дар солҳои аввали даргузашти ҳамватани бузурги мо, хуҷандиён, мазори рамзие бунёд карда буданд, ки “Қадамҷои Хоҷа Камол” ном дошт. Имрӯз ба шарофати Истиқлолият, ба шарофати Пешвои миллати тоҷикон амалӣ гардида, мақбараи муҳташам бунёд шуда, як каф хоки мазори шоире, ки орзуманди диёри хешу ёрони хеш буд, гузошта шудааст ва ба зиёратгоҳ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз ҳазорҳо тамошогарон аз бозгашти маънавии сарояндаи ғазалҳои  сеҳрангез, Хоҷа Камол шоду фараҳманд гашта, аз ин боғ дидан ба амал меоранд.

Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳими Хилватӣ, раҳимаҳуллоҳу, таърихи фавти эшонро дар сурати қитъа чунин ба назм даровардааст:

Орифи ҳақшинос, Шайх Камол,

Ки ҷаҳонро ба шеъри тар бигруфт.

То суханро сухан бурун афтод,

Кас сухан ҳамчу он бузург нагуфт.

Ҳаштсаду се гузашт, к-он хуршед,

Ҳамчу маҳ дар саҳоби ғайб нуҳуфт.

Инчунин тамошогарон аз дидани назокату латофати нақшу нигори мақбара серӣ надоранд. Ҷилои рангҳо бинандаро тасхир менамояд. Имрӯзҳо садҳо меҳмонони ватаниву хориҷӣ, пиру барно бозгашти Шайхи бузургворро шодбошӣ менамоянд, оятҳо аз Қуръони карим қироат намуда, савобу самараи онро ба руҳи мубораки ба ватан омада мебахшанд. Ин мақбара намунаи волои санъати меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ мебошад. Гумбази болои мақбара, сутунҳои гирду атрофи он бо сангҳои хоро оро дода шудааст.  Ин мақбара баъди даҳҳо аср чун ёдгории меъмории асри XXI боқӣ мемонад. Насли наврас бо дидани ин маҷмӯаи ҳунар ҳисси зебопарастияш бедор мегардад, меҳраш ба ватан меафзояд, боварӣ ба ояндаи нек пайдо мешавад. Зебопарастӣ ҳафт узви инсонро тарбия мекунад ва ҳеҷ гоҳ ба вайронкорӣ намебарад.

 Дар бари мақбараи рамзӣ пайкараи Хоҷа Камоли ҷавон дар даст китоб шеъргӯёну ғазалхонон сабукрӯҳ чун парниён қадам мезанад ва гӯё худ ба ворисонаш мефармояд:

Чу девони Камол афтад ба дастат

Навис аз шеъри ў чандон, ки хоҳӣ.

Хаёлоти латифу лафзу ҳарфаш,

Агар хоҳӣ, ки дарёбӣ камоҳӣ.

Бехабар аз он ки рӯзе аз тақдир мегурезад, аз шӯру ғавғо мегурезад, мегурезад аз замонаи бедодгар ва худ мегӯяд:

Карда аз ҳар тарафе дарду бало қасди Камол,

Дар миёни ҳама мискин тани танҳо чӣ кунад?

 Ва имрӯз Хуҷандаш орому осоишта аст, кӯчаҳои зодгоҳи азизаш гулоғӯш,  бӯи гул, насимаш  атромез аз сӯи руди Сайҳун мевазад. Ва ин бӯй дар як маънӣ алоқаи дилро гӯянд ба олами ҳақиқат ва имрӯз на дили  Шайх  Камол, балки руҳи пурфутуҳи ӯ, руҳи пурбашорати ӯ  бо мардуми  Хуҷандаш дар алоқа аст, пайванди наслҳо аст. Замоне муҳаққиқи Эронӣ Азизи Давлатободӣ гуфта буд: «Камол хуршедест, ки фурӯғаш зери абри фаромӯшӣ монда». Мо бо итминони комил метавонем бигӯем, ки гоҳе ки Камол хуршед аст, ҳеҷ гоҳ зери абру зери домон намемонад. Ва имрӯз фурӯғаш, шеъри оламгираш домонҳоро пора карда, абрҳоро парешон намуда, аҳли маъниро ба шӯр овардааст, ки худ пайғамбарона  гуфтааст:

Пора созанд, аҳли маъни ҷомаҳо бар тан, Камол

Гар бихонад ҳафтбайти ту ғазалхоне дуруст.

Чун мақбараю пайкараю гулроҳравҳоро убур карда, ба ҳавлии Хоҷа Камол наздик мешавем, пеши дарвозаи кандакорӣ сарҳавз бо 40 адад сияҳбед, аз як тараф токзор буда, аз тарафи дигар боғи дарахтони мевадор менамояд, ки тибқи анъанаҳои миллии боғдорӣ бунёд ёфтааст.  Он ҷо токҳои ангури ҳусайнӣ, тагобӣ, чарас, бедона, дили кафтар ва якчан намуд анорҳо шинонда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки аз қадим дар гирди сарҳавз шинондани сияҳбед хоси Хуҷанд буда, он хосияти рӯҳнавозӣ, аз намӣ ва шӯрӣ эмин нигоҳ доштани хонаю биноҳоро доштааст. Хоҷа Камол аз ин зебогӣ илҳом гирифта, дар ташбеҳоти худ дар радифи гулу лола, савсану наргис, ар-ар, бед ва сарвро низ васф карда гуфтааст:

Сарв девона шудаст аз ҳаваси болояш,

Меравад об, ки занҷир ниҳад дар пояш.

Чорбоғи паси ҳавлии Хоҷа Камол руҳафзо буда, табъи меҳмононро болида месозад. Дар ин макони биҳиштосо, ки дар мобайнаш айвони зебое бо намунаи санъати волои кандакорӣ ва меъмории тоҷикона бунёд гаштааст, ниҳолҳои зардолу, бодом, гелос, олу ва шафтолу шинонида шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки Камоли Хуҷандӣ ифтихори ҳар фарди миллати тоҷик аст.

Нодирахон Олимова 

Ҷонишини омир оид ба корҳои

илмии Осорхонаи таърихии

 МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозгашти маънавии бунёдгузори кохи азими сухан Хоҷа Камол
Scroll to Top