Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Оташдон ва вазифаи он дар рӯзгори тоҷикон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Оташдон, ошдон, чакдон, танӯр, ҷоест, ки дар он оташ афрӯзанд. Оташдонро дар баъзе минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон конун, кӯра, манқал, дегдон низ мегӯянд. Оташдонро дар ибтидо барои хӯрокпазӣ, нонпазӣ, гарм кардани хона ва ғайра истифода мебурданд.[1]

Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд яке аз намунае мебошад, ки тибқи санъати меъмории асри миёнагии тоҷикон бунёд гашта, дар он намунаи санъати хонасозӣ-оиладорӣ ва анъанаҳои миллӣ таҷассум ёфтааст. Дар меҳмонхона, ҳамаи қисмати даруни ҳавлӣ ва ошхонаи он низ чунин намуди оташдонҳо  дида мешаванд, ки аз ду қисмат: мӯрӣ ва оташдон иборатанд. Онҳо аз хишт сохта шуда, девораи он бо гили оташбардор андова карда шудааст.

Дар зери мӯрӣ се намуд оташдон қарор дорад: оташдони бузург барои деги таомпазӣ, миёна барои гарм кардани об ва ҳаҷми хурд барои чойҷӯш.

Ҳар нафаре, ки ба Хона-музейи Камолӣ Хуҷандӣ ворид мешавад метавонад доир ба хусусиятҳои фарҳанги миллати тоҷик ва аз давраҳои асримиёнагӣ бевосита ошно гардад.

 

Тошматова Т.

Роҳбалади МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

[1] Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди 2, Душанбе – 2017, саҳ. 140

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООташдон ва вазифаи он дар рӯзгори тоҷикон
Scroll to Top