Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳамоиши тарғиботӣ дар Боғи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳафтаи гузашта бахшида ба Рӯзи умумиҷахонии муқовимат бо савдои одамон аз тарафи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид.


Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оиди огаҳии мардум дар пешгирии паҳншавии бемории Ковид-19, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон», ки СММ санаи 30 июлро дар ҷаҳон эълом доштааст, мулоқот доир намуд. Намояндагони субъектҳои амаликунандаи давлатие, ки дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» масъуланд ва инчунин намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии аъзои шабакаи ҷумҳуриявии «Умед», ки дар ин ҷода фаъолият доранд, расонаҳои ахбори омма, дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД вилояти Суғд ва ТҶ маркази иҷтимоии ҳуқуқии Сарчашма дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мулоқотро баргузор намуд. Дар ин мулоқоту вохӯриҳо ба шаҳрвандон оиди муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар дигар кишварҳо, роҳҳои пешгирии он, огаҳӣ аз муҳоҷирати бехатар, омӯзиши қонунҳо дар ин самт, роҳ надодан ба ҳодисаҳои номатлуб, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҳалли худ ташкил намудани ҷойҳои корӣ, равнақ додани кадбонугии бонувон, коҳиш додани оилавайрони ҷавонон, тарбияи босуботи насли наврас ва инчунин телефонҳои боварии Маркази муқовимат ба савдои одамони ВКД ҶТ, Намояндагии Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ ва сохторҳои масъули сатҳи вилоят, ки шабонарӯз фаъолият доранд, маълумот дода шуд.

Ҳамчунин иштирокдорон таклифу пешниҳод ва дархостҳои худро баён намуда, ба созмондиҳандагони чорабиниҳо изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ, нақши модар дар оила, зӯроварӣ, мустаҳкам намудани меҳру муҳаббат ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон тақсим карда шуд.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани ин чорабинӣ ба сокинон фаҳмонидани пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани донишу ҳуқуқи сокинон мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲамоиши тарғиботӣ дар Боғи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top