Мир Сайид Алӣ бинни Шаҳободдини Ҳамадонӣ - яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду, Покистон ба шумор меравад.
Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхӯҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Саид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдоварӣ мекарданд. Дар Тоҷикистон аз рӯи муҳаббати бе поёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳобуддин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надорад. Лекин дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314 мелодӣ мешуморанд.
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавқеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Тақсуддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқӣ дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид.
Дар мусофират ӯ бо расму русуми халқҳои Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунёро на паи сарвату моли дунё ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард, аз наздик шинос мешуд. Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» барои асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин мудат ба қавли Саида Ашраф Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 милодӣ ба вилояти Хатлон ва Кӯлобиимрӯза ташриф овард.
Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде ҳаст. Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ дуруст меҳисобем.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар пайи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқи гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран малумот дод. Аммо назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ, ки шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳоӣ ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақиқонаш маълум нест.
Асарҳои мазмуни ӯ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондаанд.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад.
Эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегирад, вале дар ривоҷи мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд, ки хоса каломи мазмунаш хеле содаю равон, дилчаспу оммафаҳманд. Монанди абёти зер:
Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод.
Дар Тоҷикистон, хоса дар шаҳри Кӯлоб, касе аз файласуф ва ё адабиётшинос ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидиааст. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам дебочае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд, ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин асар амалӣ шуд. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон (1991) ном раҳнамои М.Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза, ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд, ба диққати хонандагон расонда шуд.
«Захирату-л-мулук»- аз асарҳои маъруфу шинохтаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, дар назди аҳли илму хирад ҷойгоҳи намоёнро соҳиб аст. Китоби мазкур ба забони форсӣ навишта шуда, мавзӯи меҳварии он ирфон аст, ки дар қарни ҳашти ҳиҷрӣ ба қалам омадааст.
Ҳамадонӣ он гуна, ки дар муқаддимаи китоб овардааст, ин китобро аз пайи дархости ҷамъе аз подшоҳону ҳуккоми сарзаминҳои исломӣ нигошта ва дар он қоидаҳои салтанати маънавиро табйин кардааст. Китоб аз даҳ боб иборат буда, порае маорифи сӯфиёна аз дидгоҳи ҷаҳондориву ҳукмронӣ дар он баррасӣ шудаааст. Шароиту аҳкоми имон, адои ҳуқуқи убудият, баррасии ҳуқуқи наздикону фармонбарон, аҳкоми салтанату вилоят ва монанди ин мавзӯоти китоб аст. Китоб дар пайравии «Эҳёу улуми-д-дин»-и Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ навишта шудааст. Аз матни асар метавон пай бурд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тадвини бахшҳои китоб мустақиман ба бахшҳое аз «Эҳёу улуми-д-дин»-и Ғаззолӣ назар доштааст. Матни китоб равшану равон аст ва нисбатан аз санъатҳои адабӣ дур аст. Ин китоб борҳо дар олам ба нашр расидааст. Нусхаҳои хаттии ин асар дар китобхонаҳои мухталифи ҷаҳон ҳифзу нагаҳдорӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхае аз он таҳти рақами 64 маҳфуз аст, ки дорои мушаххасоти зер аст:
Нусхаи маҳфузбуда 217 барга буда, соли китобати он маълум нест. Аз навъи хат маълум аст, ки нусха тақрибан дар асри ХVI мелодӣ китобат гардидааст. Котиби нусха ба сабаби афтодагии охири он маълум нест. Навъи хат насх, андозаи китоб 22х19 ва ба истиснои чанд саҳифаи охир комил аст. Нусха чунин оғоз мешавад: «Ҳамди бисёр ва санои бешумор Ҳазрати Маликеро, ки асбоби маош…». Нусхаи мазкур аз нусхаҳои нодир ва қадимаи «Захирату-л-мулук» аст. Муқоваи он туранҷ ва сартуранҷ дошта, саҳифаҳо тармим карда шудаанд. Баъзе ҷумлаҳои арабии дохили китоб дар зер хати сурх доранд. Дар аввали китоб муҳр дида мешавад. Дар ҳар саҳифа 17 сатр ҷой дода шуда, бо қалам саҳифагузорӣ шудааст. Аз зоҳири китоб маълум аст, ки саҳифаҳои аввали китоб ва охир тармим шудаанд, зеро ҷое, ки матни китоб навишта шудааст, бо ранги саҳифаҳои баъдӣ фарқ доранд. Ҷилди китоб зарди хокӣ буда, фарсуда аст. Метавон ҳадс зад, ки он ҷилди аслии китоб набудааст ва нигоҳдорандаи он онро дигар кардааст.
Аз навиштаҳои боло метавон чунин хулоса намуд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз бузургтарин донишмандони тоҷик маҳсуб гардида, дар илму адаби тоҷик саҳми босазое гузоштааст.
Инчунин, «Захирату-л-мулук»-и ӯ асарест, ки дар шинохти ирфон ва маорифи суфиёна аз асарҳои оламшумул буда, барои дарёфти маърифати илоҳӣ китоби арзишманду муҳим мебошад.
Ғайр аз ин, нусхае, ки дар фонд нигаҳдорӣ мешавад, аз нусхаҳои гаронарзишу пурқимате аст ва барои нусхашиносон маводи арзишмандест.
Дар поён акси намунаи нусхаи хаттии «Захирату-л-мулук» оварда шудааст.
АДАБИЁТ:
1.tg.wikipedia.org, санаи муроҷиат 07.07.2020.
2.Китоби «Захирату-л-мулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти рақами 64.
3. Китоби «Феҳрасти нусхаи хатти фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд».
М.Бойматова
корманди илмии
шуъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"