Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Собуне, ки таърихи беш аз 100-сола дорад.

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Собун ин намакҳои дар об ҳалшавандаи кислотаҳои карбони бо баъзе моддаҳои дигар, ки дорои хосияти тозакунанда аст мебошад. Мутобиқи маълумоти Плиниикалон пайдоиши собун ба давраи галҳо ва римиҳо рост омада онро аз хокистари растанӣ, оҳак ва ишқорҳои табии, ки бо чарбу омехта менамуданд тайёр карда мешуд. Баъзе маълумотҳо оид ба собун дар асарҳои табиби римӣ Гален (асри II м.) низ дидан мумкин аст.[1]

Тоҷикон низ аз қадим барои рӯзгори хеш собунпазӣ намуда  онро аз равған ва хокистари гиёҳҳо тайёр менамуданд. То Инқилоби Октябр дар шаҳрҳои тоҷикон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисор ва ғайра санъати собунпазӣ рушд ёфта, гузарҳои собунгарон мавҷуд буд, ки дар онҳо аҳли ин касаба зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Дар Бухоро собунро аз чарбуи чорпои мурда ва ишқор тайёр мекарданд. Дар ин чо пухтани ду навъи собун маъмул буд: Собуни сахти навъи хуб, ки махрутшакл буд ва собуни мулоим ё сустак, ки навъи паст ба шумор мерафт. Ҳар ду навъ ҳам ранги тираи хокистарӣ дошта, бадбуй буданд ва танҳо барои ҷомашӯи истифода мешуд. Дар гузашта мардуми кӯҳистон низ мувофиқи шароити худ собун мепухтанд ва дар рӯзгор истифода менамуданд. Занҳои деҳот дар фасли баҳор рустаниҳои парам, уған, шӯрак, хор, ерма, камол ва чанде дигарро дар вақти тару нимхом буданашон чида, дар ҷойҳои соя мехушкониданд. Сипас гиёҳҳои хушкшударо бо чӯби чормағз дар оташи паст ба муддати ду рӯз месӯзониданд.[2] Пас аз хомӯш шудани оташ хокистари онро гирифта, дар деги об меҷӯшониданд. Об якчанд соат ҷӯшида, бухор мегашт ва хокистар ба мисли орд маҳин мешуд. Хокаи ҳосилшударо бо чарбуи ягон ҷонвар ё равғани зард, ё дурдаи равғани пахта ҳамроҳ карда, дар деги об боз меҷӯшониданд. Вақте, ки маҳлул ғавс мешуд, дегро аз оташ гирифта, як тараф мегузоштанд, то ки сард шавад. Маводи сардшударо бо даст ба шакли лӯнда медароварданд ва мехушкониданд. Пас аз хушкида сахт шудани собун онро ба кор мебурданд.[3]

Бо рушд ёфтани саноати собунпазӣ ва таъсиси корхонаҳо ҳунари собунпази низ дар байни мардуми тоҷик тадриҷан аз байн рафт. Дар саноати собунпазии давраи муосир навъҳои гуногуни собунро тайёр мекунанд. Аз ҷиҳати истифода собунҳо се хел мешаванд: собунҳои ҷомашӯӣ, собунҳои дастшӯӣ, собуни техникӣ. Аз ҷиҳати консистенсия бошад сахт, моеъ, нарм ва хокамонанд мешаванд.

Дар колексияи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд собуне маҳфуз аст, ки  дар фабрикаи “товарищество  Брокаръ и Ко” истеҳсол гардида, аз рӯи гуфти собиқ корманди фонди осорхона Мӯъминова О. он ба солҳои 1905-1906 тааллуқ дорад. Собуни мазкур соли 1988 ба фонди осорхона ворид гардида дар китоби воридоти таҳти рақами КВ 1922 сабт гаштааст.[4]

Собун байзашакл буда дар қисмати рӯяш дар марказаш  нишони Руссияи подшоҳӣ. Дар қисмати болои нишон навиштаҷоти “Тво Брокаръ и Ко” ва дар қисмати поёнаш “Москва” дорад.  Ранги собун ҷигари мебошад. Аҷибаш дар он аст, ки собуни мазкур то ҳол бӯйи худро гум накарда ҳангоми кушодани собундон ба димоғи одам як бӯйи нафисе мерасад.

“Товарищество Брокаръ” дар охири  асри XIX ва ибтидои асри ХХ асос ёфта аст. Фабрикаи мазкур бо истеҳсоли собун ва  атр машғул буд. Яке аз фабрикаҳои калонтарин ва бообрӯтарин буда, дорандаи унвори “Таъминкунандаи хонаводаи император” ба шумор мерафт, ки ин унвонро соли 1873 соҳиб гашта буд. Фабрикаи мазкур соли 1922 ба худ номи “Новая Заря” гирифта минбаъд бо истеҳсоли атри хушбӯй ва машҳури давраи Шӯравӣ  бо номи “Красная Москва” машғул мешавад.

Имрӯзҳо яке аз роҳҳои муассири ҳимояи худ аз бемории ҳамагири COVID-19, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст ин шустани даст бо собун мебошад. Собун натанҳо барои покиза нигоҳ доштани даст кӯмак мекунад, балки онро метавонад маҳв мекунад.



[1] Энсиклопедияи Советии тоҷик. – Душанбе, 1987. Ҷ-7. – С.237

[2] Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ-2. –С. 342.

[3] Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла //Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.1. Д., 1966

[4]  Фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд. Китоби воридотӣ №1. – С. 34

                                            

Мамадҷонова М. – мудири шуъбаи таърих,

                                             Ӯрмонҷонова А. – мудири шуъбаи фонди

МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСобуне, ки таърихи беш аз 100-сола дорад.
Scroll to Top