Чароғ асбоби равшанидиҳандаест, ки чароғи равшанӣ, нафтӣ (керосинӣ), газӣ ва барқӣ навъҳои мухталифи он мебошад. Баъди ихтироъи оташ барои одамон воситаи асосии равшанидиҳӣ ин оташ буд. Аввал машъал (факел) ихтироъ шуд, баъд оҳиста - оҳиста чароғи сиёҳ, шамъдонҳо,фонус ва фурӯзонакҳо ба миён омад. Фатила (пилта) ресмоне, ки аз пахта тофта шуда, онро ба даруни чароғи пилтасӯз ё шамъдон гузошта нӯгаш меафрӯзанд то рӯшноӣ даҳад. Ҳамчунин шамъдон ва чароғдонеро, ки дар он фатила гузошта мешавад низ фатила ё чароғи фатила меноманд.
Чароғи сиёҳ як навъ чароғи махсуси сафолӣ ё фулузӣ мебошад, ки ба воситаи фатила равшан мешавад. Он равғандон, нова ва пилта дорад. Худи чароғи сиёҳро ба таври гуногун (гӯшакдор, бегӯшак, заминӣ, рӯимизӣ, овеза) месохтанд. Аввал инсоният сохтани чароғи сиёҳи сафолиро омӯхтанд. Масалан аз тарафи бостоншиносон чароғакҳои гилинро дар Осиёи Миёна аз ҳафриётҳо дар хамаи даврахои таърихӣ пайдо кардаанд. Дар мазору масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо маъмулан чароғи сиёҳи сафолӣ ба шакли ҳайвону парандаҳо сохташударо истифода мебурданд.Чароғҳои сиёҳи биринҷӣ, чӯянӣ, мисии гуногун маъмул буданд. Чароғҳои музаянӣ низ мавҷуд буданд. Чароғи сиёҳро ҳанӯз дар ҳазораҳои 3-2-и то милод истифода мебурданд.
Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намудҳои зиёди чароғи сиёҳ маҳфузанд ба монанди: чароғи сиёҳи гилин, гилини сирдавондашуда, филизӣ. Онҳо ба ҳар давру замон тааллуқ доранд. Яке аз ин чароғи сиёҳи гилини ғайриоддӣ дар маъхази Осорхонаи вилоятӣ таҳти рақами КВ 4110 махфуз мебошад. Он аз омехтаи гили махсус сохта шуда, дар он ду сӯрохии хурду калон мавҷуд аст. Даҳанаи равғандон сӯрох бо лабаш ба андозаи 4,2 см, сӯрохии хурди чун даҳонкушода барои пилтагузорӣ ба андозаи 1 см дорад. Дар рӯи чароғи сиёҳ аз мобайн ба таври кӯндаланг нақши тӯрбаст аз ду тарафаш ҳошия бо ду хати мувозӣ ва нақши секунҷа бо ҷуфтхат, кашида шудааст, ба таври уфуқӣ тасвир ёфтааст. Чароғи сиёҳи мазкур аз сокини ноҳияи Шаҳристон, деҳаи Гулистон Иброгимова Мунавварахон дастрас гардидааст. Чароғи сиёҳ аз ҷиҳати шаклу сохт хеле нодир буда, дар рӯзгори мардум барои равшан кардани манзилгоҳ истифода бурда мешуд.
Шамъ низ асбоби рӯшноӣ буда, дар қадим аз чарбу, мум ё ҳар дуро дар оташ гудохта, дар васаташ фатилае гузошта, месохтанд. Пас аз кашфи оташ, аз ҷониби инсон, бо мурури замон нахустин абзори шамъмонанд таҳия гардид. Ба воситаи он одамон макони зисти худро равшан мекарданд. Нахустин шамъҳо аз муми асал тайёр мешуданд. Беҳтарин навъи мум он аст, ки ранги он ба сурхӣ моил бошаду аз он бӯи асал ояд. Шамъро ҳамчунин аз кофур, пиҳ (чарбу) низ месохтанд. Навъи одии онро шамъи пиҳӣ ва навъи аълои онро шамъи кофур меномиданд.
Барои тайёр кардани аввалин шамъҳо аз зарфҳои гилин истифода мешуд. Дар он чарбу, равған, парахаи чӯбро гузошта, канабро чун фатила ба кор мебурданд.
Аз сабаби он ки дар асрҳои миёна шамъ зиёд истифода мешуд, он ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ дар адабиёти классик фаровон ба кор рафтааст. Имрӯзҳо низ шамъ дар фарҳанги мардум мавриди истифодаи зиёд қарор мегирад.
Дар иди Наврӯз шамъ яке аз нишонаҳои муҳимми намоди рӯшноӣ аст, ки онро дар хони наврӯзии ҳафтшин мегузоранд.
Дар қадим шамъдонҳое буданд, ки ҳафт шоха дошта, ба мисли дарахт буданд. Дар давраи Ҳахоманишиҳо навъҳои гуногуни шамъдон будааст. Аз ҷумла шамъдонҳои хокистарии нуқрагии заррин, сабзи деворӣ, шабчароғ, чӯбӣ ва амсоли ин.
Бо гузашти замон сохти шамъдонҳо низ дигар шуд. Шамъдонҳои нуқрагӣ, тиллоӣ, мармарӣ, булӯрӣ, фирӯза ва ғайра пайдо шуданд.
Намуди зиёди шамъдонҳо низ дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд махфузанд.
Фонус низ як навъи асбоби равшанидиҳанда буда, аз филиз, шиша ва ғайра сохта, ба дарунаш шамъ ё чароғ афрӯхта мешуд. Маъмулан фонус дастадор аст. Онро дар ҷое меовехтанд ё бо худ мебурданд. Пеш аз пайдо шудани сӯзишворӣ дар он равған истифода бурда мешуд. Дар асрҳои 16 дар Русия фонусҳое ихтироъ шуд, ки бо сӯзишворӣ равшанӣ медод. Онро лампа меномиданд. Зери лампа ҷои сӯзишворӣ нигоҳ медоштааш аз филиз сохта шуда, болояш шишагин буд.
Дар гузашта як навъ фонусе будааст, ки онро “фонуси хаёл” ё “фонуси хаёлӣ” меномиданд. Дар даруни ин навъ фонус нақшҳо мекашиданд. Ҳангоми онро овезон кардан, ин навъ фонусҳо бо вазиши бод гардиш мекард.
Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намудҳои зиёди фонус ё ин ки лампаҳо мавҷуданд. Ба монанди лампаи керосинӣ таҳти рақами КВ 3897, ки он аз равғандон, сархонаи филизӣ, шишаи муҳофизатии шаклаш муқарнасӣ (фигурный) ва симу ҳалқаи филизӣ барои овехтан иборат аст. Равғандон шакли мудаввар дошта, қисмати болоияш ҳамвор аст. Сархонаи чароғи керосинӣ шакли муқарнасӣ (фигурный) дошта, нӯгаш гирдогирд қуба – қуба ва сӯрохӣ дорад. Дар мобайни сархона гирдогирд сӯрохиҳои майда мавҷуданд. Дар болои сархона шишаи муҳофизатӣ шинонида шудааст. Баландии лампаи керосинӣ бо шишааш 38 см, гирди равғандон 28 см мебошад.
Дар охирҳои асри 19 ҷараёни электрикӣ ба миён омад. Манбаи равшандиҳӣ фурӯзонак шуд. Аз ин лиҳоз дар Тоҷикистон сохтани нерӯгоҳҳои барқии обӣ шурӯъ гардид. Истифодабари нерӯҳои энергетикӣ дар кишвар баъд аз ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924-1928) оғоз ёфтааст. Дар асоси нақшаи ГОЭЛРОИ СССР (бо ташаббуси В.И. Ленин) аввалин нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ дар Душанбе (с.1926, 78 кВт) ва (с. 1928, 48 кВт) ба кор даромаданд. Қадами нахустин дар ин ҷода сохтмони НБО Варзоб – 1 гардид, ки соли 1937 бо иқтидори 7,1 ҳаз. кВт ба кор даромад.
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин –Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд.
16 ноябри соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ – и “Душанбе - Роғун” – ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.
9 сентябри соли 2019 бо иштироки Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шуд.
Фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО – и “Роғун” вобаста аст. Сохтмони неругоҳи “Роғун” корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби ваҳдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёти иқтисодиёт мерасонад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо тадбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.
Адабиёт:
Сайфияхон Исломова
корманди илмии шуъбаи таърихи муосири
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"