Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Азнавсозии «Қалъаи Хуҷанд» бомаром идома дорад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз вазъи корҳои азнавсозии Маҷмааи “Қалъаи Хуҷанд” аз наздик шинос гардиданд.

Олимон, муаррихон, адибон ва масъулини сохтмони қалъа доир ба вазъи омодагии корҳои азнавсозӣ ба Раиси вилоят маълумоту машварат доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки зимни таҷдиду азнавсозӣ аҳамияти таърихӣ ва қадимии «Қалъаи Хуҷанд» нигоҳ дошта шавад ва ҳамзамон барои осеб нарасидани моли таърих чораҳо андешида шаванд.

Ба муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дастур дода шуд, ки назорати корҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва кори муназзами сохтмончиён роҳандозӣ гардад.

Таъкид шуд, ки зимни азнавсозии қалъа бозори қадима, маҳаллаи ҳунармандон, наврӯзгоҳ, зиндон, ғор, саисхона, чойхона, манораҳо, хонаи пазироии ҳоким ва дигар арконҳои он ба назари эътибор гирифта шавад.

Амалишавии ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАзнавсозии «Қалъаи Хуҷанд» бомаром идома дорад
Scroll to Top