Миллати фарҳангофари форсу тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш осори гаронбаҳои илмиву адабиро ба ҷаҳониён эҳдо намудааст. Яке аз ин бузургон шоири ғазалсарои форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон ва мутафаккирони барҷаста ва оламшумулест, ки осори гаронбаҳояш кайҳо боз зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида ва худаш ҳамчуни бузургтарин шоирони лирикнавис шинохта шудааст.
Девон”-и ғазалиёти ӯ тӯли асрҳо дастурамали зиндагии адабдӯстон будааст. Аз ин ҷиҳат нусхаи хатти “Девон”-и ӯ то ҳол дар китобхонаҳои шахсии мардуми миллати тоҷик ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо қарори Комиссияи харидорӣ “Девон”-и Ҳофизи Шерозӣ харидорӣ карда шуд, ки аз нигоҳи илми нусхашиносӣ арзиши баланд дорад. Нусха бо хатти настаълиқ дар асри XVII навишта шудааст.
Қобили зикр аст, ки бештари ашъори Ҳофиз ба забони форсӣ навишта шуда, баъзе ғазалҳояш бо ду забон: арбӣ ва форсӣ навишта шудааст. Ғайр аз ин дар “Девон”-и ӯ қитъа, қасида ва маснавиву рубоиёт низ ҷойгир аст.
Дар интиҳо метавон гуфт, ки Ҳофиз шоири тавоно ва зумраи бузургмардони форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб меёбад.
Бойматова М.
корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"