Мутобиқ ба қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Ҷаласаҳои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа дар соли 2020, барномаи нақша - чорабинии муассиса бахшида ба 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, нақшаҳои тематикии экспозитсионӣ, сенарияҳои конфронсҳо, мақолаҳо ва сайри илмии мавзӯии кормандони маҷмаа муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, 220 адад ашёҳои бостоншиносие, ки ҳангоми корҳои тадқиқотӣ – ҳафриётӣ дар “Кӯшки ҳокимнишин” ва ҳудуди майдони “Қалъаи Хуҷанд” дарёфт гардида, китобҳои дастхат ва чопи сангӣ, маводҳои давраи муосир кабул гардидаанд. Аз миқдори умумии ашё 42 адад ба фонди асосӣ ва 178 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.
Аз ҷониби кормандони осорхона бахшида ба 700 – солагии бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ мақола таҳти унвони “Бозгашти маънавии Камол” таҳия карда шуда, ба маҷаллаи “Мероси ниёгон” пешкаш карда шуд. Инчунин бахшида ба ин ҷашн мақола таҳти унвони “Шайх Камол андалеби Хуҷанд” ва феҳрести китобҳои нодир ва дастхатҳои фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд омода гардида ба нашр пешниҳод карда шуд. Ба пешвози 75 – солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақола таҳти унвони “Саҳми ақибгоҳ дар таъмини Ғалаба” ва “Вечная память нашим героям” ба муносибати таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм мақола таҳти унвони “Саразм – оғози тамаддуни халки тоҷик”, бахшида ба моҳонаи ҳифзи ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ макола таҳти унвони “Хона-музейи Эргашбойбача”, “Хона-музейи этнографии Ҳоҷи Юсуф Мирфаёзов”, “Саҳм дар ҳифзи умумибашарӣ”, “Ҳифзи мероси фарҳангӣ”, бахшида Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мақола таҳти унвони “Осорхона таҳкимбахши осори нигон”, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақола таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – пойдевори давлати соҳибистиқлол” омода гардида, ба маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ пешкаш карда шуданд. Аз тарафи кормандони илмӣ ва роҳбаладони Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Панҷакенти ибтидоӣ асримиёнагӣ”, “Давлатдории Қӯшониён”, “Хати насх, таърих ва пайдоишӣ он”, “Ороишоти гесӯ”, “Аз чароғи сиёҳ то фурӯзонакҳо” таҳия карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2-маротиба вохӯрӣ, 5-маротиба намоиш, 1-маротиба конфронси илмӣ дар муассиса ташкил карда шуд.
Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 7433 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 909 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 2241 нафар тамошобинон 132 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 5192 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 52 нафар, фарогири сайри илмӣ 6 нафар, давлатҳои ИДМ 83 нафар, 42 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 3097 нафар мебошанд.
Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 1892 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки 345 нафар тамошобинон ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 995 нафар тамошобинон 71 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 897 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 12 нафар, фарогири сайри илмӣ 12 нафар, давлатҳои ИДМ 18 нафар, 17 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 624 нафар мебошанд.
Аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов 2276 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд, ки 506 нафар тамошобинон ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 979 нафар тамошобинон 119 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 1296 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 3 нафар, фарогири сайри илмӣ 3 нафар, давлатҳои ИДМ 35 нафар, 18 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 892 нафар мебошанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 11601 нафарро ташкил дода, 203 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 7386 нафар буда, бо сайри илмӣ 4215 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намояндагони академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Белоруссия бо роҳбарии директори Институти боғдорӣ Таранова А.А., Ректори донишгоҳи Қазон Лариса Ивановна, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев – Афзалшо Шодиев, директори киностудияи давлатии Тоҷикфилм Пирзода Маҳмадсаид, Сафири Фавқулода аз Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх ва котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Абдул Сами ва дигарон дидан ба амал оварданд.
Дар ин давра дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 300 000 пиёзакҳои гули лола, 10 бех дарахти каштан, 10 бех дарахти дрок, 10 бех сирени ҳиндӣ, 32 бех дарахти маҷовелник, 53 бех дарахтони мевадор ба монанди бодом, олуча, гелос, себ, нок, 32 адад дарахтони сояафкану ороишӣ, 250 500 адад гул, ба монанди - катарантус - 17 500, салвия - 56 000, тагес бархасти - 61 000, вербения - 40 000, петуния - 83 000, георгин - 1000 ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуд.
Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда, барои таҷлили солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 5500-солагии Саразм, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.