Санъати заргарӣ ҳунари истеҳсоли зару зевар аз филизот тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва сангҳои қимматбаҳои лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, қаҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ақиқ ва моддаҳои органикӣ устухони фил, садаф, марворид аст. Ҳафриётҳои дар ҳудуди Осиёи Марказӣ анҷомшуда гувоҳи онанд, ки санъати заргарӣ дар ин ҷо аз давраҳои қадим вуҷуд доштааст.
Гӯшворасозӣ, ҳалқасозӣ яке аз соҳаҳои ҳунари заргарӣ маҳсуб шуда, маъмултарин шуғли заргарони тоҷик аст.
Гӯшвора байни бонувони Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон аз замонҳои қадим маъмул буд. Ба туфайли ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз дахмаи Куркат (асрҳои I-VII, ноҳияи Спитамен) аввалин гӯшвораҳо ёфт шудаанд. Аз ҳафриёти Шаҳристон низ гӯшвораҳое ба даст омадаанд, ки ба асрҳои XII-XIII мансубанд.
Гӯшвораҳо то андозае синну солро муайян менамоянд. Гӯшвораҳои духтарчаҳо аз гӯшворҳои духтарони қадрас фарқ мекарданд.
Дар шимоли Тоҷикистон машҳуртарин гӯшвора “балдоқ” буд, ки шакли ҳилолро дошт. Дигар навъи гӯшвораҳои чангакдор гӯшвораҳои доирашакл буданд, ки дар байнашон нақши офтоб ва моҳи тамомро доштанд. Баъзе гӯшвораҳо занҷир доштанд ва аз унсурҳои калид, кадуча, гашничак, гӯяк, танга, зангӯла иборат буданд.
Гӯшвораҳои оддӣ аз 2-4 овеза (поя) иборатанд. Гӯшвораҳои гаронбаҳоро, ки то 10-13 овеза дошта, бо сангу шаддаҳои марҷон оро дода мешаванд, дар рӯзҳои тӯю ид меовехтанд. Гӯшвораи овезадорро гӯшвораи чапарак, гӯшвораи қафасӣ, гӯшвораи қуббанок (дар Кӯлоб), гӯшвораи маҳмадӣ (Зарафшон, Кӯлоб, Ҳисор) меноманд. Вобаста ба миқдори овезаҳо гӯшвораи сепочика, гӯшвораи панҷпочика мегӯянд. Овезаи гӯшворро заргарони деҳот баъзан аз шаддаи майдаи марворид, тангаи нуқрагин ва садаф месохтанд. Гӯшворҳои овезадорро гӯшворӣ ё гӯшпор ва гӯшворҳои доирашакли беовезаро ҳалқа мегӯянд. Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд навъҳои гуногуни гӯшвораҳо ба монанди яккадур, чапарак, қафасӣ, дуқабата, оинадор мавҷуданд.
Маснуоти ороишии дигар, ки бонувон хеле зиёд истифода мебаранд ин ангуштарин, чала, аст, ки аз нуқра, тилло ва дигар филизот сохта ба ангушт меандозанд. Ангуштаринсозӣ дар сарзамини тоҷикон аз қадим маълум буд. Заргарони тоҷик, ки аз санъати мураккаби ангуштаринсозӣ бархурдор буданд, дар тӯли асрҳо ангуштаринҳои аз ҷиҳати шаклу ороиш нотакрор сохтаанд. Онҳо ангуштаринҳоро мувофиқи табъ ҳотамкорӣ ва нақшу нигор мекарданд. Ҳангоми таҳқиқ маълум гардидааст, ки ангуштаринҳоро дар гузашта ба ангуштҳои ишоратӣ ва миёна меандохтаанд. Дар болооби дарёи Панҷ ангуштаринро ба ангушти хурд, ишоратӣ ва беном (бинсир) мекарданд. Онҳо чунин мешумурданд, ки ба ангушти сеюм андохтани ангуштарин хосияти хуб надорад.
Ангуштаринҳо мардона ҳам мешаванд. Нигини ин ангуштаринҳоро бо катибаву тасвирот зинат медоданд. Ангуштарин вазифаи мӯҳрро ҳам иҷро мекард. Дар асрҳои миёна дар нигини ангуштарин-муҳр, навиштаҷотро ҳаккокӣ мекарданд, ки дар маъхази Осорхонаи таърихӣ ин навъи ангуштаринҳо низ маҳфузанд.
Занҳо барои нигоҳ доштани тозагии маросимӣ ба ангуштон ангуштаринҳои нуқрагине мекарданд, ки дар чашмаки гирди онҳо тасвири салиб ҳаккокӣ шуда буд. Занҳои Файзобод ба ангуштонашон ангуштаринҳои чашмакашон росткунҷаи тасвири салибдор мекарданд. Духтарҳо аз 10-14-солагӣ ба ангуштонашон ангуштарин меандохтанд. Ангуштарин дар қатори асбобҳои зебу зинат ба маҳри арӯс ҳамчун тӯҳфаи домод дохил мешуд. Масалан, дар Мӯъминобод домод ба хонаи арӯс 12 ангуштарин ва ду ҷуфт дастпонаи паҳнбар меовард.
Ангуштарин навъҳои гуногун дорад. Ангуштарини чашмакдорро дар маҳалҳои гуногун аз рӯйи сохти ҳалқааш пашшахона, панҷарадор, бодомча ва ғайра меномиданд. Ангуштаринҳои ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз рӯйи дурахши нигин аз ангуштаринҳои ноҳияҳои шимол фарқ мекарданд. Ангуштаринҳои ноҳияҳои ҷануб мӯҳра доштанд. Дар ангуштаринҳои ноҳияҳои шимол ба сифати панҷара тангаҳо истифода мешуданд, барои онҳо саводкорӣ (нақшкӯбии рӯйи ангуштарин бо сири сиёҳ) хос буд.
Номи ангуштаринҳо (чалаҳо) баёнгари мансубияти этникии онҳо ҳам ҳаст. Масалан, номҳои “чалаи чорнигина”, “чалаи нигиндор”, “ангуштарини нуқра”, “чалаи тангагӣ”, “бодомча”, “чалаи пашмакдор”, “чалаи чашмакдор”, “чалаи чашмборик”, “чалаи хурднигина”, “чалаи хамирҳалолкунак” тоҷикӣ буда, гувоҳи ба халқи тоҷик мансуб будани онҳост.
Ангуштарин ба расму русум ва боварҳои мардумӣ низ робитаи зич дошт. Замонҳои пеш ангуштарин доштани занҳо ҳатмӣ буд, зеро онро дар рафти ба ҷо овардани ойине рамзи тозагии даст мешумурданд. Ба хусус ангуштарини нуқрагин гирифтан гӯё дасти занҳоро ки бисёр вақтҳо бо корҳои чиркин сару кор доштанд тоза (ҳалол) мекунад. Ангуштарин вазифаи муҳофизатиро низ иҷро мекардааст. Масалан, тоҷикон ҳангоми шустушӯи кӯдак ба оби махсус якҷо бо намак, хок ва гӯшт чала ё ҳалқаи тиллоро низ меандохтанд.
Дар замони мо бо ташаккули анъанаҳои нав ангуштарин гирифтани занону мардҳо, хусусан наварӯсон расм шудааст. Арӯс ва домод рӯзи қайди ақди никоҳ чун рамзи ягонагӣ, садоқат ва вафодорӣ ба дасти ҳамдигар ангуштарини суфтаи мудаввар меандозанд. Ин ангуштарин дар байни мардум ҳамчун рамзи абадият қабул шудааст ва дар маъхази Осорхонаи таърихӣ низ нигоҳ дошта мешавад.
Беҳтарин намунаҳои осори санъати заргарии тоҷикон дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва берун аз марзи он нигоҳдорӣ ва пешкаши мухлисони ин санъати воло карда мешаванд. Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ наздик 400 адад намудҳои гуногуни зебу зиннати ороишии бонуи тоҷик ҳифз ва нигаҳдорӣ шуда, баъзе аз онҳо ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамчунин маҷмӯи асбобҳои заргарии Мулло Аҳмади Хуҷандӣ (1883-1970) ба миқдори 72 адад зеббахши толори намоишии осорхонаи мост, ки он бозёфти хеле аҷиб ва ҷолиби диққат аст (2,116).
Алҳол заргарони халқӣ дар корхонаҳои хурди заргарии ба монанди “Тоҷиккристалл”, “Ақиқа”, “Рухом”, “Зарафшон”, “Апрелевка” ва ғайра муттаҳид шудаанд. Онҳо анъанаҳои заргарии ниёгонамонро мувофиқи талаботи замона такмил дода, маснуоти гуногуни ороишӣ сохта, ба фурӯш мебароранд. Бузургтарин фурӯшгоҳи маснуоти заргарӣ дар Тоҷикистон имрӯз “Тоҷи заррин” мебошад.
Адабиёт:
1.Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Душанбе, 2015. Ҷ-1.- С.383.
2.Турсунов И. Аз таърихи асбобҳои заргарии Мулло Аҳмади Хуҷандӣ//Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №2.-Хуҷанд-2018.C.110-117.
Аслиниссо Ёдгорӣ
мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва
робита бо ҷомеаи МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
АХБОРИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ВИЛОЯТИ СУҒД №5