Тоҷикон яке аз миллатҳои мутамаддин ва дорои суннатҳои қадимтарини моддӣ ва ғайримоддӣ мебошанд. То нимаи садаи XX шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯлоб, Панҷакенту Конибодом, Исфара ва дигар шаҳрҳои тоҷикнишин марказҳои ҳунармандӣ ба шумор мерафтанд. Дар ин шаҳрҳо касбу ҳунарҳои гуногун, аз қабили бофандагӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ ва амсоли онҳо рушд ёфта буд. Баъзе аз ин пешаҳо баробари рушду тараққии соҳаи истеҳсолот аз байн рафта бошанд ҳам, бархе дигар то имрӯз идома доранд ва аҳли ҳунар бо маснуоти истеҳсолнамудаи худ талаботи мардумро қонеъ мегардонанд.
Яке аз чунин ҳунарҳо бофандагӣ мебошад, ки он бо тарзи суннатии аз ришта бофтани матоъ, карбос ва ғайра дар дастгоҳи бофандагӣ аст.
Дӯкон дар ҳунари бофандагӣ нақши муҳимро иҷро мекунад. Умуман дӯкон дастгоҳи бофандагиест, ки шакл ва андозаҳои гуногун дорад. Бо дӯкон гилем, палос, чакман, матоъҳои пахтагин, абрешимин ё пашмин мебофтанд. Дастгоҳи бофандагии амудӣ тақрибан 5-6 ҳазор сол то милод пайдо шудааст. Намунаҳои ниҳоят нодири дастгоҳ дар байни мардуми Осиёи Марказӣ дучор меояд. Дастгоҳҳо дар ноҳияҳои тоҷикнишини Бухоро, Самарқанд, Бойсун, водии Зарафшон, Хуҷанд, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва Бадахшон маъмул буданд. Дастгоҳ аз чунин қисматҳо иборат аст: ғалтак, шада, гула, шайтонак, теғ, попушал, навард, борсанг ва ғайра.
Яке аз матоъҳои нафису зебо, ки асосан хуҷандиён бо он сару кор доштанд, аз нахҳои табиӣ истифода мебурданд ва он дар байни мардум шуҳрат ёфта буд атласу адрас буд, ки он бо дастгоҳҳои бофандагӣ бофта мешуд. Адрас матои мунаққаши дастибофи тораш абрешиму пудаш ресмон аст. Дар гузаштаи начандон дур адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се навъ мешуданд: одӣ (одмиёна)- 40 см, сербар (олиҷаноб)-70 см ва камбар (якбара)- 26 см.
Адрас дар шаҳру навоҳии гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ мекард. Адрасро абрбандӣ карда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороишӣ ва тобиши рангҳо адрасро пудавлон, шоҳсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашоҳ ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт. Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш ҷилодор мешуд
Адрас дар шаҳру навоҳии гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ мекард. Адрасро абрбандӣ карда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороишӣ ва тобиши рангҳо адрасро пудавлон, шоҳсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашоҳ ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт. Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш ҷилодор мешуд. Аз адрас либос, кӯрпа, кӯрпача ва дигар лавозимоти рӯзгор медӯхтанд.
Барои бофтани матои адрас дастгоҳ роли умумӣ мебозад. Дастгоҳ аз ду чӯби уфуқии ба ҳам пайваст иборат буда, ба оқиби дастгоҳ ғалтак пайваст шудааст. Аз он торҳои адрасро гузаронида, аз боди даруни торҳо ду шада гузаронида мешавад. Ба воситаи бодҳое, ки дар миёни шадаҳо вуҷуд дорад, нӯги торро аз гула мегузаронанд. Баъдан торҳо аз шона гузаронида мешавад. Торҳои аз шона гузаштаро ба навард, ки борсанг онро дошта меистад, маҳкам мебандем. Гулаҳоро аз поён ба попушал ва аз боло ба шайтонакҳо овехта, сипас торҳоро бо воситаи моку, ки дар дохили он найча бо пуд мавҷуд аст, бофтанро шурӯъ мекунем. Матои бофташударо ҳамин тариқ ба навард печида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар Хуҷандкорхонаи калони адрасу атласбофӣ бо номи “ Хуҷандатлас” ва комбинати шоҳибофии “ Абрешим” фаъолият мебурд ва маҳсулоти он бо воситаи Роҳи Абрешим ба дигар мамлакатҳо содирот мешуд.
Тибқи таомули тоҷикон аҳли оила дар ҳавлиҳояшон бо ягон намуди ҳунар машғул мешуданд. Дар радифи хонаҳои асримиёнагӣ дар Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ дар қисмати дарунии ҳавлӣ коргоҳ мавҷуд аст, ки дар ин ҷо занҳо бо адрасбофӣ машғул мешуданд. Дар ин коргоҳ дӯкони адрасбофӣ, ҷиҳакбофӣ, сабад бо пиллаҳо, калобаи абрешимӣ, кудунг, мола, намунаи матоъҳои адрасу атлас ва беқасаб гузошта шудааст.
Алҳол коргоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бо маром фаъолият дошта, дар он мутахассиси ин соҳа, яъне адрасбоф Қобилова М, ки дорои шаҳодатномаи курси омӯзишӣ мебошанд ва ба наврасону ҷавонон нозукиҳои ин косбро омӯзонида истодаанд. Шахсоне, ки мехоҳанд аз ин соҳаи касби зебо бархурдор шаванд, метавонанд аз коргоҳи хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, дар ин ҷо курси бозомӯзӣ гузаранд. Ҳамзамон соҳиби шаҳодатномаи курси омӯзишӣ шаванд.
Дар фонди осорхонаи таърихӣ зиёди аз 10 адад дастгоҳ ва дукони ҷиҳакбофӣ маҳфуз аст.
Баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикискон ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд ва ин бори дигар собит месозад, ки Пешвои муаззами миллат дастгири ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва алалхусус ҳунармандон мебошанд.
Дилором Саидова
корманди илмии шуъбаи таърих