Сайри “Қалъаи Хуҷанд”
18.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 16:41 дақиқа. Дар назди дарвозаи боғ моро омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов пешвоз гирифта, нахуст ба осорхона таклиф намуд. Толори аввале, ки мо аз он дидан намудем аз мусаввараҳои сангӣ иборат буд ва он аз санъати волои мардуми тоҷик дарак медод. Толори ҷолиби дигар толоре шуд, ки дар он ҳам санъати тасвирӣ ва ҳам ҳайкалтарошӣ омезиш ёфта, ҳайёти одамони асри сангро намоиш медод.
Ин осорхона, ки дар он таърихи Суғди куҳану нав гирд оварда шудааст, таърихи беш аз 90 сола дошта, нахустин осорхонаи тоҷик ба шумор меравад. Сипоси беандоза ба роҳнамо (гид)-и осорхона, ки маълумоти муфассалу пурраро дар бораи бозёфтҳои таърихӣ ва мусаввараҳо ба мо доданд. Пас аз боздид аз ин осорхона назару диди мо нисбат ба таърихи Хуҷанд ва мардуми ин шаҳри бостони билкул иваз шуд. Сӯи самти мусбӣ, албатта...
Боғи Камоли Хуҷандӣ рӯзе баста набуд!
Баъди сайри осорхона ба боғи зебои маркази шаҳри Хуҷанд, яъне боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ рафтем. Директори боғ аввал моро ба мақбараи рамзии устоди зиндаёд Камоли Хуҷандӣ раҳнамоӣ карданд. Баъди дуову фотиҳа, дар бораи таърихи зиндагии устод ва мақбараи рамзии ӯ маълумоти муфассал доданд. Иброҳим Иброҳимов зикр карданд, ки шаҳравандони хориҷӣ ба боғи устод Камоли Хуҷандӣ бештар аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Узбекистон, Амрико, Русия, Укараина ва Молдавия меомадаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дӯстдорони ашъори оламшумули Камоли Хуҷандӣ дар ин кишварҳо зиёд аст. Онҳо аз тамошои боғ ҳаловат мебурданд, аксбардорӣ мекарданд ва кӯшиш месозанд, ки чизи наверо дар бораи ҳаёту зиндагии устод биомӯзанд.
Инҷо ёдрас менамоем, ки боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ аз 1 уми майи соли 1939 расман кушода шудааст ва тули 1 аср мешавад, ки ин макон ҳамчу ҷои истироҳату фароғати меҳмонон гаштааст.
Бояд гуфт, ки новобаста аз эълон шудани пандемия ва хуруҷу паҳн шудани бемории сироятии коронавирус дари осорхона ва боғ рузе ҳам баста набуд ва мардум ҳар бегоҳ барои тафреҳ ба инҷо меомаданд. Ин хеле хуб аст!
Сирри Дарвозаи Хуҷанд
Баъди сайругашт дар боғ ба осорхонаи канори он рафтем. Ин осорхона ба номи Камоли Хуҷандӣ номгузорӣ гардида, дар он намунаи хонаи тоҷикиро дар асрҳои гузашта нусхакорӣ кардаанд. Аз тамошои ин осорхона 1 ҷаҳон лаззат бурдем ва фаҳмидем, ки аждодони тоҷикон дар санъати меъморӣ низ хеле пешрафта будаанд. Ҳатто дар асри гузашта дар хонаҳои тоҷикӣ қубурҳои обпарто ё коррезӣ будааст.
Аммо чизи ҷолибе, ки диққатамонро бештар ҷалб сохт ин зангулаҳои назди дари даромадгоҳи осорхона буд. Дар як қабати дар зангула бо садои баланд ва дар паҳлуи дигар зангула бо садои паст насб гардида буд. Масъулин ба мо гуфтанд, ки агар занҳо ба хона ба меҳмонӣ меомаданд, зангула бо садои пастро мезаданд, агар мардҳо меомаданд, зангулаи баландро мезаданду аз ин соҳибхона мефаҳмид, ки дар пушти дар зан аст ё мард ва ба пешвоз мебаромад. Инро оё медонистед???
Махсусияти хонаи суғдӣ
Аҷдодони мо хонаро ба ду қисм ҷудо мекардаанд. Қисмати аввал барои мардҳо, қисмати дуюм барои занҳо. Ин ҳама барои нарасидани чашми номаҳрам ба занони хонавода будааст. Таъмири хонаҳо ҳам дар қисмати занона ва ҳам дар қисмати мардона қариб якхела ба назар мерасид. Фарқият ин аст, ки қисми занонаи хонаҳо дар назди ошхона ва анбор ҷойгир мешудааст. Дар он асбобҳои риштаресӣ ва атласбофӣ ҷой гирифта, дар қисмати занонаи хона ҳатман ҳуҷра барои кӯдакон ва ҳарами хонадон ҷойгир мешудааст. Дар анбори хонавода бошад, ҳама маҳсулоти хӯрока барои зимистон захира карда шуда, сар карда аз донагиҳо то гушту гандуму равғану орд-ҳама маҳсулоти хӯрока дар хумдонҳои махсус нигоҳдорӣ мешудаанд. Ба забони имрӯза-холодилник..
Омиронаи Сайёф, Ҷамила Ҳусейнова,
Исмоилҷон Маликов, Шералӣ Давлатов,
Идибеки Маҳмудҷон, СССР