28 июни соли равон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” ва озмуни вилоятии "Ҷавондухтари ҳунарманд" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Раиси вилояти Суғд ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши маҳсули дасти ҷавондухтарони ҳунарманд дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд ва иброз намуданд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкили чунин чорабиниҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, аз дастовардҳои ҷавонон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ низ аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, хусусан дар мадди аввали сиёсати худ қарор додани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд.
Баъдан аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба гирандагони стипендияи мазкур ва ғолибони озмуни "Ҷавондухтари ҳунарманд" маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 95 нафарро ташкил медиҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд