Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЗОИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида буд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба бӯҳрони амиқ рӯбарӯ гардид.

Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсти тоҷик талаб мекард, ки бо такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳарчи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имконро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созанд.

Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни тоҷикон санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки он ба низоъ ва муқовиматҳои сиёсии дохилӣ дар кишварамон хотима бахшид ва бо шарофати он сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон пойдор гардид.

Бо имзои санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид, миллати тоҷик аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун омада, якпорчагии сарзамини Тоҷикистон таъмин гардид. Албатта, ҳамаи ин сулҳу субот ва ваҳдати комил, ки имрӯз дар фазои он мо озодона кору фаъолият дорем бо саъю кӯшиш ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ҳаллу фасли мушкилоти низоъҳои дохилӣ, бозгашти фирориён намунаи баланди ҷасорату фидокорӣ нишон диҳанд. Суханронии он кас дар мавриди бозгашти фирориён, ба қалби ҳазорҳо нафаре, ки бо амри тақдир берун аз хоки Тоҷикистон зиндагӣ доштанд, шӯълаи умеду боварӣ бахшида, сабабгори ба марзу буми хеш баргаштани ҳамватанонамон гардид.

Бо пирӯзии сулҳ ва ризояти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод баст, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти ёрӣ ва ҳамкорӣ дароз карданд...

Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

Ҳар қадаре ки солҳо мегузаранд ҷаҳду талошҳои ба даст овардани ваҳдати миллӣ гӯиё мисли афсона мегардад. Ба хотири он ки рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва талошҳои бесобиқаи гуфтушунидҳо байни тарафҳои даргир аз хотирҳо зудуда нагарданд, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар экспозитсияи “Тоҷикистони соҳибистиқлол” аксҳо аз он рӯзҳои мудҳиш ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳамчунин дар намоишгоҳ акси таърихии имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро метавон дид. Кормандони МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷузъи ҷудонашавандаи он аст, ҳамасола ҷашни бузурги Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегиранд. Вобаста ба ҷашн дар ҳудуди муассиса конфронсу ҷамъомадҳо ва намоишҳои гуногун баргузор мегардад. Имсол низ кормандони осорхона ният доранд, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Ваҳдат-сарҷамъии миллат”созмон диҳанд. Гӯша фарогири китобҳое аст, ки доир ба Ваҳдати миллӣ интишор гардидаанд. Ҳамчунин сару либоси яке аз аъзоёни Комиссияи оштии миллӣ Пӯлодов Ҳомид Мирзоқулович (5.09.1941-3.01.2007) ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамчунин дар фазои Осорхонаи таърихӣ тавассути монитор намоиши филмҳои ҳуҷҷатиро ба роҳ мемонанд.

Кормандони осорхона дар самти нишон додани он ки бо чӣ қадар мушкилиҳо мо ба ваҳдати миллии  сартосарӣ расидаем, устуворона қадам мегузорад ва баҳри бар самъи тамошобинон расонидани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро, ки метавон як зуҳуроти олии ақлу заковати миллати куҳани тоҷик номид, дар ҳар як сайри илмии таърихӣ таъкид менамоянд.   

Аслиниссо Ёдгори

мудири шуъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита

бо ҷомеаи МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ФАЗОИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ
Scroll to Top