Субҳи рӯзи сешанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ машварати корӣ бо сардори Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилоят Қосимов Б. доир гардид.
Дар машварати корӣ роҳбарони муассисаҳои фарҳанги вилоят ва Дастгоҳи иҷроияи Раёсат иштирок намуданд. Дар он вобаста ба ҳолати имрузаи вазъи паҳншавии беморӣ ва корхои ичрошуда, нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва нақшаи нимсолаи дуюми Раёсат баррасӣ карда шуд.
Машварати корӣ баъд аз пурсишу вазифагузориҳо ба кори худ анҷом бахшид.