Кафшдӯзӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон буда, ҳамчун шуғли анъанавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Панҷакенту Истаравшан, Балҷувон маъмул мебошад. Дар Панҷакенту Ҳисор маҳалҳои “кафшдӯзон” вуҷуд доштанд. Устоҳо барои дӯхтани пойафзол аз қолабҳои гуногунандоза, анбӯр, дарафш, чӯбтарош, чӯби бахя, куванд, кунда ва дигар олот истифода мебурданд.
Дар замонҳои қадим ба ғайр аз кафши пӯстӣ яъне чармӣ, ҳамчунин тарошидани кафш-попӯш аз чӯб сохта мешуд. Чунин кафшҳо аз рӯя, пуштак ва пошна иборат буданд. Кафшҳои чӯбин дар қисмати пошна ва панҷа қуббаҳо доштанд. Мақсади бо чунин тарз сохтани кафш вобаста ба мавсими сол буд. Кафшҳои чӯбинро асосан дар фасли тирамоҳ, вақте ки баъди боронгариҳо замин лой мешуд ва дар фасли зимистон вақти барфпӯш гардидани замин ба пой мекарданд. Кафшҳои чӯбинро одатан аз чӯби чормағз, ки мустаҳкам аст, метарошиданд. Баъзе кафшҳои чӯбинро рӯяшонро гулбурӣ мекарданд, ки чунин кафшҳоро дар идҳо, тӯйҳо ба пой мекарданд. Инчунин кафшҳои чӯбини сохташон оддӣ барои рӯзмарра пӯшидан вуҷуд дошт.
Ба ғайр аз кафши чӯбин, кафшҳои чармин низ буданд, ки устоҳо онро аз пӯсти ҳайвонот коркард карда, аз рӯи андоза бо ришта ва дарафш медӯхтанд. Кафшҳои чарминро пошнадор сохта, дар рӯи пошна муми сиёҳ мерехтанд, ки пошна ҷилодор мешуд. Баъди пошнаро сайқал додан, устоҳо бо риштаҳои ранга дар рӯи кафш бахядӯзӣ карда, бо тавассути рахтчӯб дар рӯи кафш гулҳои гуногун мекашиданд. Кафшдӯзон мувофиқи дархости харидорон барои арӯсон кафшҳои мувофиқ медӯхтанд, ки баъзе аз онҳо ғижжос зада садои махсус мебаровард. Дар пошнаи ин гуна кафшҳо пӯстлохи писта гузошта мешуд. Чунин кафшҳоро устоҳо дар устохонаҳои шахсӣ медӯхтанд.
Баъдтар иттиҳодияҳо, фабрикаҳои пойафзолдӯзӣ ба амал омаданд. Дар шаҳри Хуҷанд низ фабрикаи пойафзолдӯзӣ фаъолият дорад. Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳашт адад кафшҳои қадимаи чӯбину чармини сохташон гуногун мавҷуданд. Дар оянда кормандони илмии осорхона барои ҳарчӣ бештар ҷамъоварӣ намудани пойафзолҳои давраҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Адабиёт:
Мудири шӯъбаи таърихи
давраи муосири МД МФТ
“Қалъаи Хуҷанд”Хоҷаева М.