Ватани маҳбубамон ва халқи шарифи он дар остонаи санаи муҳими таърихии тақдирсоз қарор доранд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, бисту се сол муқаддам – 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон рӯзи саид ҷумҳурии азизамон ба марҳилаи навини сарнавиштсоз қадам ниҳод.
Баробари фаро расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро тайи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 ба нахустсавганди ёд намудаашон гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…» устувор монд. Ин маромро пайваста думболгирӣ намуданд, ки 16-уми январи 1994 ба ҳамватанони хориҷи хоки Тоҷикистон муроҷиат намуда, азизонро аз Ватани ягонаи барои ҳамагонамон азиз – Тоҷикистон хушдор дода, таъкид менамуданд: «Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки Шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард». Сарвари давлат мусоидати ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи худро баҳри бозгашти ватандоронамон самимона таъкид менамуд.
Дар воқеъ, ҷустуҷӯи роҳу усули баҳамойии тоҷикон зиёда аз се сол идома дошт. Муҳимтарин рукни боарзиши ин баҳамойиро, бешубҳа, муроҷиатномаҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшонид.
Чуноне аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд «Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Ман ҳамчун Роҳбари давлат итминони комил дорам, ки бо дастгириву пуштибонии мардуми хирадманд, хайрхоҳ ва соҳибмаърифати тоҷик дар давоми панҷ соли оянда Тоҷикистон ба марҳилаи комилан нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тарзи давлатдории мукаммалу пешрафта ва сатҳи зиндагии шоиставу озодона хоҳад расид».
Вобаста ба таркиби мушаххаси таърихии охири садаи 20-ум Тоҷикистон тавлиди ниҳоди нави шаҳрвандӣ – Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ тадбири побарҷо ва басе саривақтӣ буд. Бидуни ин амалкард тақдири таърихи ояндаи мо ноаён мемонад.
Муҳимтарин нақши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи кишвар дар тақвияти муносибатҳои ҷамъиятиву сиёсии замони гузариш аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама ба эҳё кардани афкор, андеша, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ, ифтихори миллӣ ва сидқу муҳаббат нисбат ба давлати соҳибистиқлол камар мебандад.
Ваҳдат – оштии байни тоҷикон, решаи ин комёбии таърихӣ дар хусусияти муттаҳҳидкунандагии шуури миллӣ буда, ҳамкорӣ, бародарӣ, боварӣ ва дӯстӣ дар муносибатҳои дохили миллат ва байни миллатҳо таъмин менамояд.
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ яке аз саҳифаҳои дурахшон ва сабақомӯзи миллати тоҷик ба шумор меравад. Маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар ин муддат дар Тоҷикистони азизамон он қадар дастоварду офаридаҳое бунёд гаштанд, алалхусус, дар соҳаи сиёсати фарҳангӣ, ки ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Натиҷаи ин тадбирҳо буд, ки дар вилояти Суғд соли 2003 бунёди “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” оғоз гашта, санаи 23 августи соли 2006 ин маркази илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари худро барои тамошобинон боз кард.
Мамадҷонова М. – мудири шуъбаи таърихи
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”