Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии бемории сироятии “COVID – 19”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯзҳо пандемияи бемории коронавирус дар кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто, давлатҳое, ки аз ҷиҳати технологӣ пешрафта мебошанд, ҳисороти зиёди ҷониву молӣ расонида, боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Субҳи рӯзи панҷшанбе дар даромадгоҳи “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID – 19» аз ҳисоби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, устодони макотиби олии шаҳр, марказҳои саломатӣ ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, полковник Олимҷон Бурҳониён, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, Наим Маликисломӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳадаф аз ташкили чунин корҳои фаҳмондадиҳиро қабл аз ҳама баҳри пешгирии аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» маънидод намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки кам шудани шумораи беморон маънии анҷоми мубориза бо ин намуди бемориро ифода намекунад, зеро хавфу хатари сирояти шадиди ин маризӣ ҳар лаҳза таҳдид намуданаш аз эҳтимол дур нест. Зеро танҳо як нафар бемор бинобар наандешидани чораҳои пешгирӣ дар як рӯз садҳо нафаронро сироят намуданаш мумкин аст. Дар рафти амалиёти гузаронидашуда бо мақсади ташвиқи саломатии сокинон ба беш аз 1000 нафар ниқобҳо ройгон дода шуданд.

Ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба сокинон бори дигар муроҷиат менамояд, ки ба тозагии манзили истиқоматӣ, маҳалли зист, риояи тарзи ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддисироятӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшед, мунтазам дастонатонро бо собун ё маҳлули безараргардонӣ шӯед. Фаромӯш накунед, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯ мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКорҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии бемории сироятии “COVID – 19”
Scroll to Top