Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мақоми нусхаҳои хаттӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик хеле бузург аст. Зеро тавассути ин осор мо бо таъриху иқтисодиёт, илму техника, фарҳангу ҳунари гузаштаи мардуми тоҷик аз наздик шинос мешавем ва онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем.

МД «Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» низ аз қабили ҳифзкунандаи ин дурдона аст. То ин замон Муассисаи мазкур зиёда аз 400 китоби дастнавишта ва чопи литографӣ, ки дар партави сиёсати фарҳангсолорона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд харидорӣ шудаанд, мавҷуд аст. Шумори бештари ин китобҳоро китобу рисолаҳои чопи литографӣ ташкил диҳад ҳам, дастнавиштаҳои нодиру қадиме, ки дар фонди Осорхонаи вилоятӣ нигаҳдорӣ мешаванд, қимати афзун доранд ва чун намунаи санъати хаттотӣ дар илми тоҷик омўзишу баррасии онҳо уфуқҳои тозаеро кашф хоҳад намуд.

Аз ҷониби шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилоят ба миқдори 5-адад нусхаҳои нодири хаттиву чопи сангӣ ба Комиссияи харидории назди фонди осорхона пешниҳод гардида, харидорӣ карда шуд. Кутуби харидоришуда ба улуми адабӣ, забоншиносӣ, фалсафӣ ва ҷаҳонбинии ирфонӣ алоқаманд буда, ба қарори зайл аст:

«Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ (дастхат). Китоби «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ» маҷмўи ғазалиёти шоири шаҳири форсӣ-тоҷикӣ Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ буда, аз арзишмандтарин китобҳои адабии мо мебошад. Нусха таърихи 300 сола дошта, комил ва афтодагӣ надорад.

«Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ (чопи сангӣ). Китоб фарогири ғазалиёти шоири шинохта ва хушбаён Ҳофизи Шерозӣ мебошад.

«Мифтоҳу-л-ҷинон ва мисбоҳу-л-имон» (чопи сангӣ). Китоби мазкур асарест дар бораи қиссаҳои анбиёву сулаҳо ва шахсияҳои таърихӣ.

Қиссаву ривоёти ирфонӣ (чопи сангӣ). Китоб фарогири илми фалсафа, ахлоқ ва ирфон аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрўз ин дурдонаҳо дар беш аз даҳҳо китобхонаҳои бузурги кишварамон ва шахсони бомаърифату китобдӯст нигаҳдорӣ мешаванду аз онҳо чун сарчашма ҷомеаи тоҷикон ва тоҷикистониён истифода карда метавонанд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶамъоварии нусхаҳои хаттӣ
Scroll to Top