Ҳамасола рӯзи 5-уми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ҷашн гирифта мешавад.
Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо баргузор гардид, ки яке аз онҳо аксияи тақдим кардани маводи пешгирикунанда аз касалии сироятии короновируси нави COVID-19 ба корхонаҳои ободонии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Шоми санаи 3 июн бо мақсади риояи қоидаҳои санитарӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди “Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва атрофи он корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуд.
Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятии короновируси нави COVID-19 ва таъмини солимии шаҳрвандону истироҳаткунандагон роҳандозӣ гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ яке аз беҳтарин мавзеъҳои фароғатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба сайру гашти ҳазорон шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷу дохили кишвар мубаддал гаштааст.